Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои хуби дипломативу иқтисодӣ дорад. Таъкид гардид, ки ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз имконоти мавҷуда робитаҳоро дар арсаи воридоту содироти молу маҳсулот ва илму маориф тақвият бахшида, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар хушҳолии хешро аз истиқболи гарму самимӣ изҳор дошта, қайд кард, ки ҳадафи сафари дипломатҳои покистонӣ низ мустаҳкам намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва пайвандҳои дӯстӣ миёни ду миллат аст.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон таасуроти худро аз ин сафар ва боздидҳояшон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд баён карда, таъкид намуданд, ки вилояти Суғд воқеан ҳам дорои имкониятҳои хуб мебошад.

Имрон Ҳайдар инчунин омодагии кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани боркашониҳо тавассути бандарҳои баҳрӣ ва ташкили нуқтҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон эълон дошт.

Тарафҳо ҳамзамон доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши илму маориф ва таҳсили ҷавонони покистонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии вилояти Суғд мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар