Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

( 0 Овоз )

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.

Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 4-ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Бо бунёд шудани бинои меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 250 ҷойи корӣ таъсис меёбад.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҳуҷраҳои меҳмонхона 70 ададро дар бар мегирад. Дар як вақт имкон аст, ки ба 200 нафар хизмат расонида шавад.

Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатӣ, 234 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ ва қаҳвахона сохта шуда, бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, зимни корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди бинои муосир дар пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муҳташам, ки дар он марказҳои тиҷоратӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ ҷойгир мешавад, инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, дар самти хизматрасонии баланд ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шароити арзанда фароҳам мегардад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд