Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави мактаб дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар бо сохтмони бинои нави мактаб шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бинои нави мактаб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зинҳорбек Исрофилов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 140 хонанда бунёд гардида истодааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар ин раванд соҳибкорону саховатмандон низ бо бунёди бинову синфхонаҳои иловагӣ дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд, ки чунин иқдомҳо боиси дастгирӣ аст. Раиси вилоят ба соҳибкор Зинҳорбек Исрофилов барои ташаббуси созандааш изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи пайравӣ хонд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳияи Айнӣ алҳол 66 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 55​ ​ муассисаи таҳсилоти миёнаи​ умумӣ ва 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки 18155 нафарро бо таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Шумораи омўзгорон 1719 нафарро ташкил намуда, аз ин миқдор 81% бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави мактаб дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ