Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд

( 0 Овоз )

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардид, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, ба вазифаи Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбуллозода Толиб муовини якум ва Соҳибзода Маҳмадкарим – муовини Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф – муовини Котиби Шӯрои амният, Зуҳурзода Бахтиёр ва Раҳмонзода Ҷамшед – машваратчиёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намуданд.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд” – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иброз доштанд, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд