Хабарҳо
Давлат Сафар Изҳорот қ 1 - 27.05.2020 01:27
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40

Ҷавонон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд

( 0 Овоз )

14 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии чанде аз ҷавонони маъюб ва ятими кулл ташриф оварда, онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик кард.

Раиси вилоят сараввал ба манзили сокини кӯчаи Озодии шаҳри Хуҷанд Ҳасан Шерматов ташриф оварда, мавсуфро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ин ҷавон гуфт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад.

Бобо ва модаркалони Ҳасан Шерматов ва худи ӯ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем.

Сипас, Раиси вилоят ба манзили истиқоматии сокини шаҳри Бӯстон Бобоҷон Саломов ташриф овард. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суҳбат бо Бобоҷон Саломов, ки маъюби гуруҳи якум аст, таъкид дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Давлату Ҳукумат доимо ба маъюбону ятимон ғамхорӣ намуда, онҳоро таҳти таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Дар ин рӯз аз тарафи Раиси вилоят ба Бобоҷон Саломов аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

Бобоҷон Саломов ва аҳли оилаи у аз таваҷҷуҳу ғамхориҳо изҳори хушнудӣ намуда, миннатдориашонро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз ҳоли Зайнура, Нозанин ва Соҳибҷон Бобоҷоновҳо, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Зайнура, Нозанин ва Соҳибҷон сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, зери парастории амакашон қарор доранд. Зимни суҳбат бо наврасон Раиси вилоят иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи ятимони кул мунтазам ғамхорӣ намуда, ҳангоми сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳо ҳатман ин қишри ҷомеаро аёдат мекунанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти вилоят низ доимо кӯмакрасони чунин наврасон буда, ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз наврасон даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда соҳиби касб гарданд.

- Шумо ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис накунед, давлату Ҳукумат ғамхору дастгири доимии шумост, - илова намуд дар поёни суҳбат Раиси вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷавонон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд