Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд - 24.06.2019 22:53
Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд - 24.06.2019 22:50
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд - 24.06.2019 22:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:37
Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом - 24.06.2019 17:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд - 24.06.2019 14:59
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд - 24.06.2019 12:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд - 24.06.2019 12:44
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор - 24.06.2019 12:40

Баргузории семинар – машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах​

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

13 апрели соли 2019 дар минтақаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ семинар – машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва роҳҳои пешгирии зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳашароти зараррасон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш аз саҳми Муассисаи давлатии​ «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд»​ дар пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниву зироатҳои кишоварзӣ ҳарф зада, бобати ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт дастуру маслиҳатҳо дод.​

Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирии киштзор аз ин ҳашарот бо дастгирии Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли равон 200 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани заҳрдоруҳо ҷудо гардидааст.

- Дар минтақаҳои осебпазир бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳру навоҳии вилоят ва ноҳияҳои наздимарзии кишвар ҳамкории судманд бояд роҳандозӣ гардад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.​ ​

Дар чорабинии амалӣ сардори бахши Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд» Абдухолиқ Бобоҷонов роҷеъ ба фаолияти муассиса дар ин самт ва мавзеъҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода, техникаҳои заҳрпошӣ ва дастгоҳҳои муҳаррикиро, ки дар мубориза бар зидди малах истифода бурда мешавад, муаррифӣ намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки дар вилоят майдони 26 ҳазор гектар зери назорати ситодҳои шаҳру ноҳиявӣ оид ба мубориза зидди малах қарор гирифта, ҳар сол бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят заҳрдоруҳо ройгон таъмин карда мешавад.

Дар қисми назариявии семинар – машварат муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода, сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Хайриддинов ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуда, бобати пешгирӣ ва ва ҳифзи зироату растаниҳо аз ин ҳашароти заррасон фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои ҷолибу амиқ баён доштанд.

Ҳамчунин, дар семинар – машварати вилоятӣ намунаи нақлиёту таҷҳизот ва дасттгоҳҳои «Экспедитсияи мубориза бар зидди малахи вилояти Суғд», аз ҷумла автомошинаҳои «Тойота», тракторҳои гуногунтамға, мототсиклҳо, таҷҳизоти моторӣ ва дастӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар мубориза бо малах мавриди истифода қарор мегиранд.​

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории семинар – машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах​