Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд - 24.06.2019 22:53
Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд - 24.06.2019 22:50
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд - 24.06.2019 22:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:37
Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом - 24.06.2019 17:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд - 24.06.2019 14:59
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд - 24.06.2019 12:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд - 24.06.2019 12:44
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор - 24.06.2019 12:40

Мақоми афғон: "Беҳтар аст Эрон ба ҷои Толибон, садои мухолифони худро бишнавад"

( 0 Овоз )

Як мақоми ҳукумати Афғонистон аз изҳороти вазири умури хориҷии Эрон, ки хостори нақш доштани Толибон дар ҳукумати ояндаи ин кишвар шудааст, ба шиддат интиқод кард ва ба мақомоти Ҷумҳурии исломӣ тавсия кард, ки беҳтар аст садои мухолифони дохилии худро бишнавад.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 10-уми январ дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ "мақомоти вазорати умури хориҷии Эрон муттаҳам сохт, ки "ин рӯзҳо дар нақши сухангӯи Толибон амал мекунанд."

Вай бо ишора ба музокироти Ҷумҳурии исломӣ бо Толибон навишт, ки агар Эрон ба гуфтугӯ барои пайдо кардани роҳҳали сиёсӣ эътиқод дорад, "чаро роҳи гуфтугӯ бо гурӯҳҳои мухолифи дохилии худ, аз ҷумла "Муҷоҳидини халқ"ро баста аст?"

Эрон мегӯяд, ки бо огоҳ кардани ҳукумати Афғонистон, вориди музокира бо Толибон шудааст, то гуфтугӯҳои сулҳ дар ин кишварро пеш бибарад. Дар ин росто Толибон ҳафтаи гузашта ҳайатеро ба Теҳрон фиристоданд, ки бо гурӯҳе аз дипломатҳои эронӣ бо раёсати Аббос Ароқчӣ, муовини вазири хориҷии Эрон, гуфтугӯ кунад.

Оқои Ароқчӣ пас аз он ба Кобул сафар кард, то мақомоти Афғонистонро дар ҷараёни ин музокирот қарор диҳад. Аз сӯи дигар, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки ба Деҳлӣ сафар кардааст, гуфт, ғайримумкин аст, ки Толибон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон нақше надошта бошанд, ҳарчанд афзуд, ки ин нақш набояд "ғолиб бошад".

Аммо сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон аз мақомоти Теҳрон даъват кард, ки ба ҷои Афғонистон, ба мушкилоти сиёсӣ дар дохили худи Эрон таваҷҷуҳ кунанд. Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, дар "Фейсбук"-и худ навишт, "кишвари ҳамсоя чаро ба ҳалли мушкили сиёсии дохилии худ, ки солҳо Эронро ба бӯҳрон бурдааст, иқдом намекунад? Оё беҳтар набуд, ба ҷои шунидани садои Толибон, садои мухолифони сиёсӣ, монанди Мирҳусейн Мусавӣ ё Маҳдии Каррубӣ шунида шавад?"

Муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон агарчи ин навиштаи фейсбукии худро чанд соат пас аз интишори он ҳазф кард, аммо ин бор муовини вазири умури хориҷии ин кишвар алайҳи суханони Муҳаммадҷавод Зариф мавзеъгирӣ намуд ва онро мудохила дар умури дохилии Афғонистон номид.

Идрис Замон, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон дар вокуниш ба суханони Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, "ҳар гуна робита бо Толибон хориҷ аз чаҳорчӯбаи таомулотҳо, боиси тазъифи равобити ду кишвар хоҳад шуд."

Пеш аз ин, Амрико борҳо Эронро ба ҳимоят аз Толибон ва ҳатто додани таҷизоти низомӣ ба ин гурӯҳи шӯришии мухолифи ҳукумати Афғонистон, муттаҳам карда буд. Эрон аммо таъкид дорад, ки бо Толибон танҳо тамосҳои сиёсӣ дошта ва нахостааст, ки ин тамосҳоро ба робита табдил кунад, то ба Толибон машруият бидиҳад.

Вазорати молияи Амрико чанде қабл алайҳи ҳашт тан аз афроди Толибон ва пуштибонҳои онҳо таҳрим ҷорӣ кард, ки ду нафари онҳо эронӣ ва бо Сипоҳи посдорон дар иртибот будаанд. Ин вазорат аз "Муҳаммад Иброҳим Авҳадӣ" ва "Исмоил Ризавӣ" ном бурда ва онҳоро муттаҳам сохтааст, ки аз тарафи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони бо фароҳам овардани имконоти молӣ ва фаннӣ, аз Толибони Афғонистон ҳимоят кардаанд.

Эрон дар замони ҳукмронии Толибон ба қисматҳое аз Афғонистон ба шумули Кобул, ин гурӯҳро ба расмият нашинохт. Дар моҳи августи соли 1998 ҷангиёни Толибон ба Консулгарии Эрон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 11 дипломат ва як хабарнигори хабаргузори расмии Эрон -- ИРНА кушта шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мақоми афғон: "Беҳтар аст Эрон ба ҷои Толибон, садои мухолифони худро бишнавад"