Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48

Оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

9 январи соли 2019 бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо кормандони соҳаи тибби шаҳри Панҷакент оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказиро туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дошта, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи дастгириҳои давлатӣ буд, ки давоми соли сипаришудаи 2018 дар шаҳру деҳоти Панҷакент шаш хонаи саломатӣ бунёд ва мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт.

Тавре таъкид карда шуд, бинои кунунии Беморхонаи марказии шаҳр соли 1965 сохта шуда, бо мурури замон ва афзоиши аҳолӣ зарурати сохтмони бинои нав пеш омада буд. Маҳз бо назардошти ҳамин омил бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои нав бунёд мегардад.

Бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он шаш шуъба ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино иловатан боз 60 ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент