Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” осорхона бунёд мешавад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ рӯзи 9 январи соли 2019 дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”, воқеъ дар шаҳри бостонии Панҷакент аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди осорхонаи нав санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои сохтмонии осорхона иброз дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашн дар баробари бунёди осорхона як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнунгоҳ ва чанд бинои иловагии дигар низ ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Таъкид карда шуд, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст ва дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хоса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи равшани аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки чанде қабл дар робита ба омодагиҳо ба ҷашни 5500 –солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва масъулини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукоти ҷашни мазкур баргузор гардид ва  нақшаи чорабиниҳои корҳои омодагиву ташкилӣ тарҳрезӣ карда шуд.

Зимнан ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.  Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст. Ба иттилои муаррихон асоси иқтисоди сокинони Саразмро ҳунармандӣ ва заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Таърихшиносон бар ин назаранд, ки Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва  муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 таҳти №391 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” эълон гардид. 31 июли соли 2010 бошад бо пешниҳоди Президенти мамлакат ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” осорхона бунёд мешавад