Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Зафаробод мулоқот намуданд - 22.08.2019 13:53
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд - 22.08.2019 11:44
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи модару кӯдакро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд - 21.08.2019 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро дар ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 21.08.2019 09:33
Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии «Ҳазорчашма-Ғончӣ» дар ноҳияи Деваштич - 21.08.2019 09:37
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд - 21.08.2019 09:38
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд - 21.08.2019 09:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Деваштич мулоқот намуданд - 21.08.2019 11:53
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич боздид намуданд - 21.08.2019 15:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо зиёиёни вилояти Суғд мулоқот намуданд - 21.08.2019 15:26

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун

( 3 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати чинӣ оид ба захираҳои Хай Чен” Хуан Сзян Чун ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвари ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Чин ибрози назар намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати дурнигаронаи сарони олии ду мамлакат ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш рушд меёбанд. Соҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Бунёди корхонаҳои муштараки азими саноатӣ, аз ҷумла бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд самараи амалишавии иқдомҳои наҷиби ду ҷониб дониста шуд.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат оид ба фаъолияти корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки ба истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб ва мис машғул аст, андешаҳояшро баён намуд. Гуфта шуд, ки корхонаи мазкур дар рушди иқтисоди шаҳри Гулистон мавқеъи устувор мегузорад.

Дар идома Раиси вилоят масъалаи боз ҳам фаъол намудани Корхонаи металлургии Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой, воқеъ дар шаҳри Истиқлолро ба миён гузошт. Зеро дар ин корхона шумораи зиёди мутахассисони хориҷиву маҳаллӣ фаъолият доранд ва тақвият ёфтани фаъолияти корхона хеле муҳим мебошад. Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой уҳдадорӣ гирифтааст, ки дар шаҳри Истиқлол як кӯдакистони замонавӣ бунёд намуда, ҳамзамон роҳи мошингарди Бӯстон-Зарнисорро таъмир намояд. Бо ёдоварӣ аз уҳдадориҳои корхона таъкид шуд, ки Ширкат дар соли равон барои корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои тандурустӣ ва дигар соҳаҳо дар шаҳри Гулистон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар оянда низ ташаббусҳои созандаи худро идома медиҳад ва барои баланд бардоштани ҳаҷми маоши кормандони корхона ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот тадбирҳои судмандро амалӣ мекунад.

Хуан Сзян Чун барои истиқболи гарму самимӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён дошт ва оид ба фаъолияти минбаъдаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки аз ҷониби ин ширкат дар оянда боз як корхонаи азими саноатии коркарди металҳои ранга сохта ба истифода дода мешавад, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ муосидат мекунад.

Дар мулоқот инчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун