Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Дар соҳилҳои Сирдарё мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо вазъи тозагии соҳили чапи дарёи Сир шинос шуда, барои тоза нигоҳ доштани соҳилҳои дарё ба масъулин супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду канори Сирдарё ба пуррагӣ тоза карда шуда, дар шафати он меҳмонхона, тарабхона ва мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад.

Дар ин раванд дастур дода шуд, ки дар ду канори дарё барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва  сайёҳони хориҷӣ роҳравҳо бунёд ва дар он дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад. Ҳамчунин ташкили  боз як шиногоҳи дигар дар соҳили чапи дарё мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ҷиҳати омодасозии лоиҳаи шиногоҳ, сари вақт тоза намудани мавзеъ аз ҳар гуна партовҳо, даровардани маводҳои зарурӣ ва инчунин иваз намудани фурӯзонакҳои роҳравҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, ду канори Сирдарё пурра тоза карда шавад. Зеро ин тадбири муҳим боиси боз ҳам тозаву обод ва ҷаззобу дилкаш гардидани шаҳри Хуҷанд мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Дар соҳилҳои Сирдарё мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад