Хабарҳо
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19
Қатъномаи ҷавобӣ ба гирдиҳамоии наҳзатӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин - 10.12.2018 22:12
Тазоҳуроти наҳзатӣ ва воҳимаҳои қатъномавӣ - 10.12.2018 21:55

Раҷаббой Аҳмадзода Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

11 октябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти нави Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо сабаби анҷом ёфтани муҳлати кори дипломатии Валерий Бондаренко Консули генералии ФР дар Хуҷанд Андрей Варламов таъин шудааст.

Дар аснои суҳбат ҷонибҳо доир ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти назарраси Валерий Бондаренко дар Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти пурсамараш ба ӯ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба Андрей Варламов, Консули генералии ФР дар Хуҷанд барори кор таманно кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои самараноки ҷонибҳо дар оянда низ идома ва густариш хоҳад ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт