Хабарҳо
Гулмурод Халимов. Не так страшен чёрт, как его малюют - 23.10.2018 03:22
Правда у каждого своя - 23.10.2018 03:19
Сафарбаркунӣ ба хизмати Модар-Ватан... - 23.10.2018 03:14
Натиҷаи фаъолияти БДА дар ВМКБ - 23.10.2018 01:17
Addresses of Acting Chairman of the GBAO – Faizov, Former Mayor of Khorugh – Mahtobshozoda, Deputy Chairman of Vanj district – Mardov and member of the Ismaili Muslim community – Farrukhzod before public active of GBAO - 22.10.2018 22:04
ЧИТАЙТЕ, РАЗМЫШЛЯЙТЕ, СДЕЛАЙТЕ СВОИ ВЫВОДЫ. Выступления и.о. Председателя ГБАО Ё. Файзова, бывшего председателя города Хорог А. Махтобшозода, заместителя председателя Ванчского района О. Мардова и члена Совета имамата Исмаилитов в ГБАО П. Фаррухзода возле - 22.10.2018 20:41
Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.10.2018 16:24
Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.10.2018 16:23
Не играй с огнем Европа - 22.10.2018 16:20
ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шурои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ ҶТ - 22.10.2018 15:41

Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд - 2018» баргузор гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

11 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд - 2018» баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи Анҷуман Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокдорони ин ҳамоиши бошукуҳи иқтисодиро, ки аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ташриф овардаанд, аз номи мардуми меҳмоннавози вилоят ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ки анҷумани имрӯза ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тақвият бахшидани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ такони тоза хоҳад бахшид.

Раиси вилоят аз ҷумла  зикр дошт, ки  вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин шуда истодааст.

- Дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода супорида шудааст, ки фазои сармоягузории ватаниву хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат рӯ ба рушд оварда, самараи заҳмати соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии мамлакат пайваста эҳсос мегардад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар 9 моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 8 млрд. 101,2 миллион сомонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 млрд. 594,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9,9 ва 6,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 2,0 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.

- Шоистаи таъкид аст, ки содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоишёфта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол ба 410,4 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2017 суръати рушд 18,7 фоизро ташкил медиҳад, - афзуд Раиси вилоят.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»,  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №227 аз 2 майи соли 2008 дар миқёси ҷумҳурӣ ду Минтақаи озоди иқтисодӣ – “Панҷ” ва “Суғд” ба фаъолият оғоз карданд.

Мутобиқи қарори мазкур аз мавзеи шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 320 га замин ҷудо гардид.

Боиси таъкид аст, ки имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 23 субъект ба қайд гирифта шуда, аз ин 12 субъект бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул буда, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ машғул ҳастанд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2018 маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиётҳои воридоту содиротӣ ба 84 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда ҳамасола рушд ёфта истодааст.

Ҳоло бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳо ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суханрониаш, ҳамзамон бобати сармоягузорӣ барои истифодаи босамари захираҳои оби тоза, аз имкониятҳои табиати нодири Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳо таъкид дошт.

Сипас, дар Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ Тоҷиддин Ҷӯразода – муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Виктор Никитюк – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон, Эдвард Сафарян - роҳбари бахши иқтисодии дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дигарон ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки Анҷуман ба тавсеаи ҳамкорӣ ва рушди иқтисодиёти минтақавӣ, татбиқи Барномаи миллии рушди иқтисодӣ, густариши содирот ва воридоти маҳсулот, фаъолияти густурда ва пурсамари соҳибкорон мусоидат менамояд.

Дар қисмати дуюми Анҷуман иштирокдорони он аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолии “Арча”, “Тадҷпроф” ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии маркази вилоят боздид ба амал меоваранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд - 2018» баргузор гардид