Хабарҳо
Боз як дуруғи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ба сохтмони НОБ-и Роғун - 19.11.2018 20:09
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 20:07
С.Никонов: ТЭО ПИВ и философия разрушения - 19.11.2018 20:04
Террорист он и в Африке террорист - 19.11.2018 20:00
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 19:54
Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ») - 19.11.2018 17:35
Что хочет найти Комитет ООН? - 19.11.2018 10:01
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:14
Дар ноҳияи Ашт 10 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 19.11.2018 09:13
Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ - 18.11.2018 21:29

Маросими ба истифода додани бинои маъмурии Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст.

Бино дорои синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад.

Ҳамчунин барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидаанд. Ғайр аз ин дар ин бино 4 зерсохтори Раёсати маориф ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои Раёсати маориф Муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ ва ошхона ҷойгиранд.

Айни замон шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳои вилоят 2700 ва шумораи умумии принтерҳо 810 ададро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар вилоят зиёда аз 15000 толибилми синфҳои аз 7 то 11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебаранд. Ба таълими фанни асосҳои  технологияи информатсионӣ 243 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.

Сарвари давлат бо шароити иншооти нав аз наздик шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир мебошад. Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст. Толибилмони боистеъдоди ин марказ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ва суҳбат ба кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар навбати худ масъулин ба Роҳбари давлат барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими ба истифода додани бинои маъмурии Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон