Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов

( 0 Овоз )

10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол парлумонҳои ҳарду кишвар дар арсаҳои гуногуни байналхалқӣ, мавқеи худро ҳамоҳанг сохта, оид ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш табодули иттилоъ менамоянд.

Истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷон барои таҳкими ҳамкорӣ ва табодули кор зарур шумурда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки алоқаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи заминаи меъёрию ҳуқуқии равобити дуҷонибаро, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмиқи ҳамкорӣ зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Мулоқотҳо Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов