Хабарҳо
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад - 13.11.2018 14:57
“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат”-баргузории конфронс дар Мастчоҳ - 13.11.2018 14:19
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.11.2018 14:12
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Гулистон баргузор шуд - 13.11.2018 12:10
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардиданд, моро сахт андӯҳгин намуд.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии моро бирасонед. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Мулоқотҳо Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито