Хабарҳо
Наздик 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд - 25.02.2017 13:08
Исфара. Сарбозону афсарони беҳтарин бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд - 24.02.2017 12:54
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар»муайян гаштанд - 24.02.2017 11:36
“Занон баробари мардон дар як саф қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омодаанд” - 24.02.2017 10:13
Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Донишкадаи политехникӣ - 24.02.2017 10:11
Чорабинии идона дар қисми низомии 04080 - 24.02.2017 09:16
Баргузории озмуни «Суруди сарбоз» дар маркази вилоят - 24.02.2017 09:14
“Ба шарофати хизматҳои шабонарӯзии сарбозон мардум зиндагии осоишта доранд” - 24.02.2017 09:12
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳияи Ашт чорабинӣ баргузор шуд - 23.02.2017 15:57
Баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар Хуҷанд - 23.02.2017 14:09

Хадамоти матбуотии Раиси вилоят

Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

( 10 Овоз )

I. Муқаррароти  умумӣ

1.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд (минбаъд Хадамот) сохтории мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Котиби матбуотии Раиси вилоят ба Хадамоти матбуотӣ роҳбарӣ менамояд ва аз рӯи фаъолият мустақиман ба Раиси вилояти Суғд тобеъ аст.

1.2. Хадамот пояи ҳуқуқии фаъолияти худро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят ва ҳамзамон Низомномаи мазкур ташкил медиҳад.

1.3. Хадамот фаъолияти худро мустақиман бо Раиси вилоят ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори оммаи вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо васоити ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад.

ШУМО ДАР: ИДОРАИ ДАВЛАТӢ Хадамоти матбуот