Аз истиқлоли ҷавонӣ то ҷавонии Истиқлол

( 0 Овоз )

Ба муносибати25 солагии Иҷлосияи шонзаҳуми
 
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воҷаи «Истиқлол» бароям аз ҳар ҷиҳат азизу муқаддас аст ва ҳамеша ҳузури мубораки онро, ки 26 сол қабл баъд аз ҳазорсолаҳо ба номи миллат ва давлати мо ҳам рақам зада шуд, гиромӣ медорам ва бо ҳастиаш, ки муаррифгари ҳастии миллат ва давлати тоҷикон аст, ифтихор мекунам. Дар фарҳанги мардумии мо вақте мактаби миёнаро хатм менамоем, ибораи зебоеро одатан дар айёми анҷоми таҳсили ин давра истифода мекунанд, яъне «ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳод». Ин ҳаёти мустақилона, яке донишҷўисту дигаре пайванд ба истеҳсолоту корҳои дигар. Саодати ману ҳамнаслонам аст, ки замони ҳаёти мустақилонаи мо ҳам ба Истиқлоли миллии кишвар иттифоқ афтод, ки ҳамеша ин таърихро дар сарнавишти хеш рамзи ахтари саъд мешуморем. Аз ин рў, ману ҳамнаслонам ҳамеша худро ҳамсоли истиқлол мешуморем, чун мо ҳам бо ҳузури истиқлоли миллӣ ба истиқлол дар қаламрави умр расида, роҳе равшану пайдоро дар раҳгузори ин марҳилаи таърихӣ оғоз бахшидем. Ба таъбири дигар, баробари истиқлоли кишвар ҷавонии мо ҳам ба истиқлол расида, то имрўз, яъне марҳилае расид, ки бо эълони Соли ҷавонон ин арзиши нодир ва неъмати беназир- Истиқлолияти мо дигарбора ҷавонии хешро таҷлил мекунад ва аз нусрату шукўҳи саодатҳои ҷавонии хеш меболад...

Аввали моҳи сентябри соли 1991 баробари оғози замони донишҷўии мо дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон  дар таърихи 9 сентябр Тоҷикистони азизамон истиқлолияти расмии хешро эълон намуд, ҳарчанд Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 қабул шуда буд. Нимсолаи аввали таҳсил бомаром ҷараён гирифт, аммо давоми соли нахустини донишҷўӣ ба мушкилоти сиёсиву иқтисодии мамлакат, ки дар сароғози он майдоннишинӣ ва аввалин ҷудоиандозиҳои лафзӣ қарор дошт, пайваст. Гурўҳҳои тафриқангез ва душманони миллат мардумро ба ду сангари муқобили ҳам дар сурати майдонҳои мухталиф кашониданд. Бештар аз ҳама дар майдони “Шаҳидон”, ки онро Ҳизби наҳзати ислом ва ҳамраъйу ҳаммаслаконаш пуштибонӣ менамуд, мехостанд, ҷавонон, хоса донишҷўёнро ба доми фиреби худ афтонида бо ҳар роҳу васила ин нерўи пешбарандаро ба ин майдон кашида, қурбони ақидаву афкори номатлуби хеш созанд. Бар асари ин рухдодҳо беназмиҳое дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла фаъолияти таълимии донишгоҳу донишкадаҳо низ оғоз гардида, ҳатто гурўҳе аз донишҷўён таҳти фишори омилҳои мухталиф, аз ҷумла фирефтаи ғояву ақидаҳои гурўҳҳои мазкур шудан ба майдонҳо пайвастанд. Ҳарчанд мардум аз тамоми гўшаву канори мамлакат барои пешгирӣ аз вазъи ба амаломада норозӣ ва мухолифати хешро нишон дода, аз ин нерўҳои тафриқаангез хостори қатъи майдоннишинӣ ва иҷозаи фаъолият ба ҳукумати конситутсонии кишвар  менамуданд, аммо бо ҳар роҳу восита  боз ҳам гурўҳҳои тобеи ғояҳои бунёди “давлати исломӣ” пайваста дар фикри ноором кардани вазъият буданд. Дар натиҷаи ташаннуҷи авзои сиёсӣ  дар  моҳи майи соли 1992 нерўҳои манфиатхоҳ аз ин майдонкашиҳои мардум ба сўи бародарони хунии худ, ҳаммиҳанони хеш тир кушоянд. Натиҷаи авҷ гирифтани ҳолати мазкур ва ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ  дар моҳи майи соли 1992 боис шуд, ки нерўҳои манфиатхоҳ аз ин майдонкашиҳои мардум ба сўи бародарони хунии худ, ҳаммиҳанони хеш тир кушоянд, ки аввалин қурбонии ин ҷанги бемаънии ба ном бародаркуш сармуҳаррири рўзномаи Шўрои Олии Тоҷикистон Муродуллоҳ Шерализода гардид.

Бо дарки амиқи мураккабии шароит, хоса маърифати ин нуктаи муҳим, ки нерўҳои манфиатхоҳ аз қувваи донишҷўён истифода бурда истодаанд, масъулини Вазорати маориф дастур доданд, ки то ором шудани вазъият дарс дар тамоми муассисаҳои олии воқеаъ дар шаҳри Душанбе қатъ гардида, донишҷўён ба хонаҳояшон баргарданд. Ҳамин тавр, давоми моҳҳои май то сентябр комилан раванди таълим дар ҳамаи макотиби олии шаҳри Душанбе қатъ гардид. Мо, ҳамчун донишҷўёни соли аввал, ки бо шавқи зиёд нахустин соли таҳсилро гўё сипарӣ намудем, бештар аз ҳама орзуи зудтар хотима ёфтани ҷангро дар дил мепарваридем, зеро  ҳанўз ба дараҷаи кофӣ аз фурсатҳои ин айёми беҳтарини умр- замони донишҷўӣ баҳра набурда будем....

Новобаста ба он ки ҳамоно вазъияти мамлакат ноором буд, моҳи сентябри соли 1992 соли нави таҳсил оғоз шуд. Доманаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ хеле густардатар гардида буд. Дар шаҳри Душанбе тарсу ҳарос ҳукмфармо буда, ин ҳолат то замони рафту баргашт ба дарсҳо моро таъқиб менамуд. Эҳсоси ҳамдигарбадбинӣ ба ҳадде боло гирифт, ки мардум дар кучаву хиёбонҳо бо нигоҳи гумонолуд ба ҳам назар меафканданд. Гаштугузор дар шаҳр ба ҳадде мушкил буд, ки баъд аз соати 15 на танҳо нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳатто мошинҳои хусусӣ дар хиёбонҳои марказӣ ва асосии шаҳр анқариб комилан ҳаракати худро қатъ менамуданд. Авзои буҳронии баамаломада дарсшиканиҳо дар раванди таълимро аз рўи зарурат ва маҷбурӣ афзуд, чун онҳое, ки дар нимаи дувуми рўз таҳсил доштанд, ҳанўз қабл аз соати 15 дарсгоҳҳоро маҷбуран тарк мекарданд, чун ба давоми лаҳза бовар надоштанд. Раванди таълим халали бисёр ёфта, дар дили мо донишҷўёни навроҳ ҳолати мазкур яъсу навмедии фаровонеро ба вуҷуд оварда буд. Гумон доштем, ки ба ҳамин тамом, фурсати поёни замони донишҷўӣ, ин давраи беҳтарини умр наздик аст ва дигар мо аз файзу баракоти ин айём маҳрум хоҳем монд. Афзуда бар ин, ҳамарўза расидани хабарҳои шум ва даҳшатнок дар бораи қатли шахсиятҳои маъруф, ҷавонони лаёқатманд, аҳли адабу ҳунар дилҳоро воқеан хунрезу андешаҳоро мағшуш месохт. Ҳаргиз аз ёдам намеравад, ки мо як гурўҳ донишҷўён ба ноҳияи Рўдакӣ (он вақт Ленин) рафта будем ва шабона он ҷо дар хонаи як нафар ҳамсабақамон мондем, чун баргаштан ҳам дар он рўзгоре, ки ҳатто дар шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт хеле маҳдуд буд, мушкилоти фаровонеро дар пай дошт. Аз назари таъминоти бехатарӣ ҳам.

Субҳи рўзи дигар аввалин хабари нохуше, ки ба истиқболаш рафтем, марги фоҷиавии ҳунарманди маъруф Кароматуллои Қурбон буд, ки воқеан ба рўҳияи мо ҷавонони он солҳо таъсири номатлубе гузошт. Чун он солҳо воқеан ситораи ҳунари миллии мо ва ҳунарманди маҳбуби ҷавонон буд ва тамоми маҷлису маъракаҳо бо сурудҳои ин ҳунарманди нотакрор ҷараён мегирифт. Новобаста ба муракккаби вазъияти сиёсӣ аз рўи ихлосу иродати тамоми ба маросими видоъи ин хунёгари беҳамто дар назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даҳҳо ҳазор нафар мардум ҷамъ омаданд ва бо ашки сўзони хеш Кароматуллои Қурбонро ба роҳи охират гуселониданд.

Субҳи 24 октябр садои баланди тиру туфанги муттасил моро аз хоб бедор намуд. Албатта, шунидани садои тир шабу саҳарҳо аҳён – аҳён ба ҳукми анъана даромада буд, аммо ин бор аз ҳар вақта фарқ дошт. Сар задани чунин даргириҳои навбатӣ дар шаҳри Душанбе дигарбора мо донишҷўёнро маҷбур сохт, то ба хонаҳои худ баргардем. Ҳамакнун боз ноумедӣ ва боз ҳузну андўҳ дар қаламрави дилҳои мо, ҷавонони он айём ҳукмраво шуд. Гўё бовар надоштем, ки дубора ба синфхонаҳои донишҷўӣ бармегардем. Муфассири ҳузни мо ҷавонони он аём буд, гўё ин байт:

Ҷавониям ба пирӣ мегуселонад маро ҳар дам,

Вале ман беҷавонӣ мегусонам ҷавониро.

Хушбахтона, тулуъи хуршеди умеду орзу ва эътимоду бовар  ҳавои туманолуд ва саршор  аз абри яъсу ҳирмони моро равшаниву сафо ато  кард. Дар ҳамин рўзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз буд, ки гурўҳе аз вакилони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими қатъӣ гирифтанд, ки бояд Иҷлосияи шонзадҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, пеши роҳи ҳамаи ин нобасомониҳо гирифта шавад. Ҳамин тавр, ба саодати мардуми кишвар 16 ноябри соли 1992 кори иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Ҷараёни кори иҷлосия аз тариқи шабакаҳои садову симои вилояти Суғд ба тамоми мамлакат пахш мегардид. Мо, донишҷўён, ки давоми солҳои аввали таҳсили хеш, яъне дар сароғози ин давраи ба истилоҳи наслҳои қабл аз мо “тиллоии ҳаёт” баръакс зарбаҳои зиёди рўҳӣ гирифта будем, беш аз ҳама ба натиҷаҳои умедворкунандаи ин анҷумани ҳақиқии саодатафрўзи миллат итминону эътимод доштем. Шукрона, ки баъд аз интихоб шудани фарзанди ватандўст ва бонангу ори халқи тоҷик, Пешвои ҳақиқии миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият ба куллӣ дигаргун шуд. Ин ҳолат аз рафти баргузории иҷлосия ҳам равшан буд. Вақте Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин анҷумани бузург  ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар баробари даъват ба ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ ва хомўш намудани оташи кинаву адоват ва тантана бахшидан ба сулҳу оштӣ қасам ёд намуданд, ки: “тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”, дар вуҷуди мардуми кишвар эҳсоси баланди умед ба ояндаи некро дубора эҳё намуда, алангаи яъсу навмедиро хомўш кард. Мо донишҷўён, ки тарки таҳсил намуда, ба деҳаҳои худ баргашта будем, акнун бо шунидани ин ҳадиси садоқату ихлоси Пешвои миллат дигар дар хаёламон рўзҳои босаодат ва рангоранги донишҷўӣ ва ояндаи пур аз корномаҳои наҷиб, фурсатҳои шодиофарин дар сарнавишти мардуми кишвар ҷилвагар буд. Ин суханони офтобӣ ва фардофарўзи роҳбари давлат моро ба ҳадде умеду итминон бахшид, ки саропо гўшу ҳуш бар шунидани хабари оғози дарсҳо гардидем.

Баъд аз оғози фаъолияти Ҳукумати тозаинтихоб ва қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият ба эътидол омада, аз моҳи январи соли 1993 дарсҳо ҳам шурўъ шуданд. Ҳарчанд ҳанўз мушкилоти фаровоне боқӣ монда буд, аммо ин суханони Пешвои миллат ҳамоно ба мо нерўву тавони тоза мебахшид, то бештар дар андешаи хондану ҷуброни лаҳзаҳои дур аз таҳсил будан бошем. Дар баробари ин, барои мо донишҷўёни он айём амри муассир ва рўҳбаландсозандаву таккондиҳанда он буд, ки ҳамагӣ бо гузашти наздик ба ду моҳи фаъолияти хеш Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин рўзҳои оғози таҳсил, яъне санаи 2 феврали соли 1993 яке аз аввалин мулоқотҳои хешро бо ҷавонон, хоса донишҷўён доир намуданд. Дар ин вохўрӣ чанд матлаби хеле муҳим ва воқеан ҳидоятгаронаву умедбахшоянда барои мо донишҷўён изҳор гардида буд,  ки дар ҳақиқат дар таъйини роҳи ояндаамон нақши муассир гузошт. Пешвои миллат бо як муҳаббати бузург ва эътимод ба нерўи ҷавонон дар ин мулоқот муроҷиатан ба ҷавонон изҳор доштанд, ки “ҳамеша дар мавридҳои ниҳоят вазнин мо ба ҷавонон муроҷиат менамоем. Ин бесабаб нест. Як бор фикр кунед. Вақте фоҷеаи Чернобил рух дод, ҷавонон ихтиёран баҳри бартараф намудани ин даҳшат ба он ҷо сафар намуданд... Дар хоҷагиҳое, ки ман кор мекардам, чандин ҷавонон баъди бозгаштан аз Чернобил аз ҳаёт гузаштанд.

Дар сохтмонҳои шоҳроҳҳои Байкалу Амур ҳазорҳо ҷавонони ҷумҳурии мо ширкат доштанд. Дар сохтмонҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шўравӣ теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон саҳм доранд. Баъди ин ҳама ниҳоят даврае расид, ки ҳангоми бесаробон мондани ҷавонони ҷумҳурӣ ашхоси мухталиф ҳидоятгари ҷавонон гаштанд. Ҷавонони мо бозичаи дасти мансабхоҳон гардида, онҳоро дар ҳар ҷо истифода мекарданд. Ҷавононро мусаллаҳ намуда, муқобили ҳамдигар равона сохтанд. Ҷавононе, ки дар як донишгоҳ мехонданду паси як миз сабақ меомўхтанд, ба ҳам барангехтанд”...

Ин суханони дилсўзона ва саршори муҳаббати Пешвои миллат дар ин мулоқот барои донишҷўён воқеан паёми раҳнамояндаву ҳидоят ва эътимод бар нерўву заковат ва қудрати худи онҳо гардид, зеро дар баробари ин ҳама иродат, ғамхорӣ ва боварӣ ба нерўи ҷавонон роҳбари давлат аз ҳамаи донишҷўёни макотиби олӣ дархост намуданд, ки ба донишгоҳҳо баргарданд ва таҳсили худро давом диҳанд, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост. Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд раванди таълим ба низом даромада буд, аммо бар асари таъсири номатлуби ҷанг ва паёмадҳои ногувори он ҳанўз донишҷўёни зиёде ба донишгоҳҳо барнагашта буданд. Қисмати  дигар бошад зери таъсири гароиш ба гурўҳҳои ҷудоихоҳ даст ба силоҳ зада, дар корзори ҷанги бемаънӣ қарор доштанд. Ҳатто шумораи зиёди онҳо ҳам аллакай қурбониии ҷанг гардида буданд.  Бо назардошти ҳамин вазъият роҳбари давлат, бори дигар ба тамоми донишҷўёну ҷавонон, ҳатто ҳамин гурўҳи дар даст силоҳ низ муроҷиат намуда, бо боварӣ ба нерўи насри фардосоз таъкид доштанд, ки “Дирўз ман бениҳоят серташвиш будам, зеро таҳсил дар макотиби оливу мутавасситаи пойтахт оғоз ёфт. Ман дербоз фаро расидани ин рўзро интизору умедвор будам, ки ҷавонни мо аз маҳалҳо ба донишгоҳҳои худ баргашта, он дўстиву рафоқате, ки бо ҳам доштанд, барқарор мекунанд ва ба роҳбарияти давлату ҳукумат дасти ёрӣ дароз менамоянд. Боиси хушнудист, ки дирўз зиёда аз 40 дар сади донишҷўён омаданд ва итминони комил дорам, ки рўзҳои наздик ҷавонони боқимонда, шояд қисме аз онҳо силоҳ дар даст дошта бошанд, аслиҳаи худро ба замин гузошта, раҳсипори донишгоҳу донишкадаҳои хеш мегарданд. Мо хоҳони онем, ки ҷавонон таҳсили хешро идома бахшанд ва мо ҳамроҳи онҳо ҳар чӣ зудтар оқибатҳои ҷанги бародаркушро рафх намоем”. Ин матлаби муҳим ва таъкиди умедафрўз, ки ҷавонон бояд ба дарсгоҳҳои хеш баргашта, хонишро идома диҳанд, чанд маротиба чун муроҷиати баёнгари эътимоди роҳбари тозаинтизоби давлат ба қувваи ҷавонон, хирад ва заковати онҳо садо дод ва ҳатто дар фароварди суханронии хеш бори дигар изҳор доштанд, ки “дар охир ба ҳамаи донишҷўён муроҷиат мекунам, ки дар кадом ноҳияе, ки набошанд, ҳар чӣ тезтар ба донишкадаҳои хеш баргарданд, таҳсилро идома диҳанд. Ва ҳамакаса барои раъфи оқибатҳои ҷанги бародаркуш кўшиш намоем”. Каломи пур аз эҳсоси боварӣ ба ҷавонон ва ояндаи Тоҷикистон ба ин нерўи фардосози ҷомеа низ асари пурфайз гузошта, дубора гулистони орзуву ормонҳои онҳоро сабзу шукуфо гардонид. Ҳамон лаҳза дар худи ҳамон толор ҷавонони ҳозир Муроҷиатномае ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон қабул намуда, аз ҷумла дар он якдилона қайд намуданд, ки: “Саъйу кўшиши роҳбарияти ҷумҳуриро бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов маъқул дониста, мо ҷавононро даъват менамоем, ки роҳи собитқадамонаи қатъи ҷанги бародаркушӣ, мустаҳкам намудани сохти конститутсионӣ, барқарор намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунанд, ғояҳои муроҷиатномаи дар маҷлиси ҷумҳуриявӣ 9 январи соли 1993 қабулшуадро бо кори нек амалӣ намоянд.

Бо вуҷуди ин, то ҳол пешгирӣ намудани хунрезии бемаънӣ муяссар нашуда истодааст. Ҳанўз ҳам одамон, пеш аз ҳама, ҷавонон, ки бештари онҳо амалан бозичаи дасти моҷароҷўёни сиёсӣ шудаанд азоб кашидаю талаф меёбанд.

Вақти он расидааст, ки ба худ андеша кунем, муқобилиятро, ки босиси қурбониҳои нав мегарданд, бас кунем ва яроқи маргу харобиаоварро як сў гузорем.

Ватан аз мо, шаҳвандони ҷавон, дар ҳалли чунин вазифаҳо, ба монанди ташкили қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, пурзўр намудани муҳофизати сарҳади давлатии ҷумҳурӣ ва мустаҳкам кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштироки фаъолонаро талаб мекунад...”

Муроҷиати Пешвои миллат ва ҳамзамон муроҷиати ҷавонони ширкаткунанда дар ин мулоқот бо ҳамаи ҷавонони бонангу номуси кишвар воқеан рўҳия, андешаву ормонҳои тамоми донишҷўён, ҳамсолони онҳо, маҷмўан  наслҳои фардосозро хеле боло бурд. Далели рўшани ин баъд аз 21 рўзи баргузории ин мулоқот таъсис ёфтани артиши миллӣ, ки асосан аз ҳисоби ҷавонони миҳанпарасти кишвар сурат гирифт. Дар канори ин, роҳбарияти мамлакат дар чунин вазъияти ҳассос баҳри иртифои рўҳияи мардум, хоса ҷавонони кишвар истифода аз нерўи ин қувваи бузургро дар барқарории харобаҳои ҷанг, таҳкими дўстиву рафоқат миёни донишҷўён ва амсоли инро яке аз муҳимтарин тадбирҳои муассир ва муфид дар самти расидан ба ҳадафҳо ба шумор овараданд. Марҳила ба марҳила барои боз ҳам ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои давлатдориву давлатсозӣ  иқдомоти шоисте аз сар гирифта мешуд, зеро ба таъкиди  Пешвои миллат дар он айём пеш аз ҳама худи роҳбари давлат аз ҷумлаи намояндагони ҷавонон буданд ва  аъзои ҳукуматро низ аксар ҷавонон ташкил медоданд”.

Қайди нуктаи дигар ҳам муҳим аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар асари таъсири харобаҳои  ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи таъмини нон дар тамоми минтақаҳои кишвар, ҳатто дар шаҳри Душанбе низ душвор гардид. Ҳатто рўзҳое буд, ки тамоми мардуми шаҳр ба назди корхонаи нонбарории шаҳр навбат мепоиданд. Баъдан дар нуқтаҳои муайян нон интиқол дода мешуд, ки он ҷо низ мардум аз соатҳои 3 шаб дар навбати нон қарор доштанд, ки бешак ин рўзҳои душворро он солҳо ба қадри кофӣ таҷриба намудем. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳои фаровон ҷавонон боз ҳам дар такя бар ҳамон бовар ва итминоне, ки дар вуҷудашон муроҷиатҳои пайвастаи роҳбари давлат бедор ва нерў бахшида буд, пеш аз ҳама таҳсилро бомаром идома дода, бо истифода аз имконот дар маҷмўи самтҳои фаъолияти давлат аз нерўи хеш  ба кор гирифта, талош доштанд, ки дар атрофи роҳбари давлат муттаҳид шуда, саҳми дар амри расидан ба ҳадафҳои наҷиби давдат гузоштанд. Аз ҷумла, тирамоҳи соли 1993 бори аввал баъди асари харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта ба миён омад, чун он баҳор аллакай деҳқонони вилояти Хатлон бо умеди фардои рўшан ва сарсабз ба корҳои ободонӣ машғул гардида, кишти пунбаро бо таманнои  ба таъбири устод Лоиқ  шукўҳи “хандаҳои дилбарон дар пахтазорон” анҷом дода буданд. Мо ҳамагон огаҳем, ки  роҳбари давлат аз минбари иҷлосия таъкид дошта буданд, ки то як нафар гурезае, ки ҳаст, ба Ватан барнагардонам, ором намегирам. Хушбахтона, аллакай шурўъ аз фасли баҳори он сол марҳила ба марҳила мардум ба хонаҳои худ аз он сўи марз баргашта, ба кору бори зиндагӣ, аз ҷумла киштукор машғул гардиданд. Ба қавле донаҳои аввалини умеди хешро бо нияти фардои шукуфони кишвар ҳамон баҳор аллакай ба замин пошиданд, то аз ҳосилу самараи он ҷараёни тозаи зиндагиро равнақи тоза ато намоянд.

Ҳамин тавр, донишҷўписарони донишгоҳҳои олии Тоҷикистон, аз ҷумла мо донишҷўёни донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон барои кўмак ба марди деҳқон ва ҷавобан ба муроҷиатномаи Пешвои миллат давоми чанд муддат ба пахтазори ноҳияи Ёвон рафтем. Ҳарчанд масъалаи таъмини хурока ва дигар масоили иҷтимоӣ душвор буд, аммо ҷавонон бо бовар ва умеди фардои рўшан майдони пахтазарро тарк накарданд ва то фарорасии рўзҳои сард дар эҳёи низоми иқтисодии мамлакат саҳм гузоштанд.

Фузун бар ин, ҷавонони мамлакат дар давоми роҳи истиқбол аз ташаббусҳои роҳбари давлат ҷиҳати сарҷаъмии хеш дар атрофи Пешвои миллат иқдом намуда, бо таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Анҷумани нахустини онро санаи 17 марти соли 1994 даъват карданд, ки дар он бевосита Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ширкат ва суханронӣ намуданд. Давоми андешаҳои судманди дар мулоқоти нахустин изҳордошта дар ин сўҳбати ошкоро ва рўёрў садо дод. Сарвари кишвар бо эътимод ва бовар ба нерўи созанда ва пешбари мамлакат бори дигар таъкид намуданд, ки “чаро мо анъанаи неки бунёдкории ҷавононро идома надиҳем? Охир ГЭС-и Норак, ГЭС-и Сангтўда, ГЭС-и Роғун маҳз бо нерўи ҷавонн бунёд мегардад. Магар барои сокинони Бадахшон аз сохтани роҳи мошинагарди Душанбе – Кўлоб - Хоруғ, барои сокинони вилояти Ленинобод аз сохтмони тунели Анзоб, барои сокинони вилояти Хатлон аз сохтани роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кўлоб кори муҳимтаре нест”. Ин нукта дар баробари бозгўии сидқу ихлоси Пешвои миллат нисбат ба давлат ва миллат, диду назари фардосози роҳбари ҷавон ва тозаинтихоб аз он паём мерасонид, ки андешаи расидан ба ҳадафҳои асосии стратегии давлат, ки ҳарчанд нуктаҳои аввалини он аз минбари иҷлосия садо дода буданд, пайваста дар маром ва ормони Сарвари давлат қарор дошта, аз ҳамон рўзҳо аллакай дар шуури ҷавонон ҳамин андешаи бунёди чунин иншоотҳои бузург бо такя бар сабақбардорӣ аз корномаҳои ҷавононипешин ҷой мегиранд. Имрўз, ки мо ба се ҳадафи асосии стратегии давлат дар дарозои 25 сол пас аз баргузории иҷлосия расидем, ин суханрониҳо ва ин бовариву эътимодҳои Пешвои миллат пеш аз ҳама ба ояндаи Тоҷикистон ва такя бар нерўи ҷавонон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дўст доштани Ватан, дар фикри бунёди фардои ин сарзамини бузург ва шукўҳи нусрати он, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба амнияти озуқаворӣ пайваста дар андешаву ҷону ҷаҳони роҳбари ватандўсти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ва марому ихлоси бепоён ҷуш зада,  он касро ҳамроҳ бо иродаву боварии бузурги халқ ба сарманзили мақсуд раҳнамоӣ намудааст.

Яке аз ин тадбирҳои муҳим таҷлили ҷашни 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ буд, ки воқеан дар он айёми душвори сиёсӣ баҳри таҳкими оини ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон  нақши пуртаъсир ва файзбахше гузошт. Ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар арафаи таҷлили се солагии Истиқлолияти давлатӣ, санаи 4 сентябри соли 1994 доир шуд. Ҳарчанд он айёми мушкил бархе нафарон изҳор медошанд, ки дар чунин фазои душвори сиёсиву иқтисодӣ  баргузор намудани чунин ҷашнвораҳо чи зарурат дорад, аммо сабақбардорӣ аз таърихи миллат ва давлатдории куҳанро Пешвои миллат яке аз шеваҳои матлуби давлатдории миллӣ ва бунёди Тоҷикистони навин унвон намуда, дар суханронии хеш дар симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баробари таъкид бар аҳамияти ин ҷашни бузург ба он гурўҳҳои мунтақид посухи ватанпарварона доданд, ки: “Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар аст. Мутаассифона ин ҳикмати ҳакими бузургро онҳое, ки имрўз худро мухолифи оштиноразири ҳукумати феълии Тоҷикистн меноманд, дарк карда натавонистанд ва кўшиш доранд, ки озодандеширо дар мағзи халқи худ нобуд сохта, мардумро кўр- кўрона дар кўчаи сарбаласти хурофот ба сўи роҳгумӣ бикашанд.

Барои Фирдавсӣ рехтани хуни бародарони ҳамхуну ҳамаҷоду ҳамзамбон гуноҳест азим ва ҷавонмардӣ ин нест, ки хуни бародари хеш бирезӣ ва миёни пайвандон тухми нифоқу қасос бикорӣ:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,

Наёяд, агар бошадат ному нанг.

Боз мегўям, ҳазор афсўс, ки мардуми тоҷик ба дасисаҳои аҳрианӣ гирифтор шуд  ва дар ин ҷанги фоҷиабор панду андарз ва даъватҳои шўълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурда, ба харобгориву хунрезӣ даст зад.

Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахешм. Бояд дар ин сарзамини абгору дардхўрда аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад.

Фарои дурахшон ва хушбахтиву некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонаиву якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ ваобаста аст ва агар мо ин корро накунем, рўҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус рўҳи Фирдавсӣ ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд...

...Мо самимона тарафодори гуфтушуниди самарабахш, оташбаси доимӣ ва таъмини амнияти ҳамешагӣ бо ҳамватанони худ мебошем.

Ҳамон тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем.

Аз ин пас ба хира марезед хун,

Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун”.

Ҳамин тавр, ин рукни барҷастаи сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шеваву равишҳои мухталифи оянданигоронаву фардосозона ҳукми анъана пайдо намуд, дар таҳаввули шуури маънавӣ, рўҳияи ватандўстӣ, пешгирӣ аз бархурди ғояиву мафкуравӣ ва ақидавии ҷомеа, боло бурдани худшиносии миллӣ, оини ватандўстии ҷавонон  нақши пурфайз гузошт. Минбаъд, мо марҳила ба марҳила 675 солагии Камоли Хуҷандӣ,  700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 900 солагии Умари Хайём, 1000 солагии Носири Хусрав, 800 солагии Мавлонои Балхӣ, 1100 солагии Давлати Сомониён, 2700 солагии китоби Авасто, 2500 солаги шаҳри Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кулоб, 1150 солагии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, 1310 солагии Имом Абуҳанифа, 150 солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 120 солагии устод Садриддин Айнӣ 90 ва 100 солагии академик Бобоҷон Ғафуров  ва дигаронро бошукўҳ таҷлил намудем, ки ҳамагӣ дар навбати аввал ҷомеаи моро барои сабақбардорӣ аз корномаҳои ин абармардони арсаи сиёсат ва фарҳангу маънавиёт даъват намуда, заминаҳои таърихии давлатдориву давлатсозии миллии мо тавассути ғояву афкори баруманди онон мустаҳкам гардиданд.

Ба таври умум, дар дарозои фосилаи аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидан ба сулҳи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ маҷмўи ин иқдомоти наҷиби роҳбари давлат самараҳои муҳим ба бор оварданд. Дар навбати аввал сулҳи тоҷикон марҳилаи нави тараққиёти мамлакатро оғоз бахшид. Нуктаҳои аслии марбут ба стратегии мамлакат дар дарозои бисту панҷ сол ба ҳақиқат пайванд ёфта, Тоҷикистони азизи моро ба истиқлоли воқеӣ, чӣ аз назари иқтисодӣ, чӣ аз диди таъминоти энергетикӣ ва ҳудуди ҷуғрофӣ ба мустақилият расониданд. Бо хотимаи ҷанг ва тантанаи сулҳу субот Тоҷикистони азизи мо дар заминаи ба амалия пайванд додани ҳадаф ва ормонҳои аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон баённамудаи раҳнамо ва  Пешвои ҳақиқии миллат то ба имрўзе расид, ки имрўз дар арсаи олам кишвари пешниҳодгари ташаббусҳои ҷаҳонӣ, меросбари тамаддуни бузурги башарӣ ва давлати ҷавобгў ба меъёрҳои давлатдориву давлатсозии дунёи муосир эътироф гардида, корномаҳои роҳбари он, хоса дар ҷодаи сулҳофаринӣ ба унвони мактаби таҷрибаи бузург дар арсаи байналалмилалӣ эътироф гардидааст. Баҳои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат баробари ифтихори ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ будан, дарси ибратомўз дар мактаби сулҳи башарӣ ва  ваҳдати инсонӣ маҳсуб меёбад, ки бидуни шак имрўз кишварҳои олам аз сабақҳои ин таълимгоҳи сулҳэҷод дар амри расидан ба суботу оромиш истифода менамоянд.

Аз қисмат шукргузорам, ки мани он замонаҳои душвори донишҷў бо гузашти фосилаҳо имрўз худ устоди донишҷўён гаштам. Ҳидоятномаҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати мо донишҷўёни он замон дар мулоқоту суҳбат, вохўриву анҷуманҳо на танҳо маро, балки аксари ҳамсолонамро нерўеву рўҳияе эҳдо намуд, то ин роҳро аз рўзгори баргузории анҷмумани саодатовар то имрўзи пур аз зафармандиҳо ҳамроҳи тавфиқу комгориҳо тай намуда, аксар новобаста бар ин мушкилоту душвори баъдти хатми таҳсил, таълиму тарбияти ҷавононро  шоҳроҳи умри азизи хеш қарор додем. Хушбахтона, шумораи зиёди мо донишҷўёне, ки соли 1991 баробар ба Истиқлоли миллӣ донишҷў шудем, имрўз устоди донишҷўёнем ё аксаран дар риштаҳои мухталифи илм ба тадқиқу паҷўҳиш машғулем. Аз ин рў, ҳар вақте ба синфхона мераваму ба симои ҷавонони саодатманди имрўз, донишҷўёни донишфурўзи замон менигарам, фурсате хаёлан ба даврони донишҷўии хеш сафар мекунам. Пайваста ин суханони мазкури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ маро раҳнамояндагӣ мекунанд, ки борҳо бо ҷавонон муроҷиатан изҳор доштаанд, ки ҷавонони имрўз аз ҷавонони солҳои 90 –ум ҳам аз ҷиҳати симо ва ҳам мафкура фарқ мекунанд. Барҳақ, имрўз саодат ва шукуҳу нусрати маънавӣ ёри ҷавонон аст ва ин пешрафту дастовардҳои онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мушоҳида намуда, дар ҷараёни дарсу суҳбатҳо бо ин донишҷўёни хушбахт аз  он рўзҳои хуношом ва ғамрези солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, ҳикмат ва андарзи ҷовидонаи ин суханони Пешвои миллатро ба онҳо дигарбора таъкид мекунад: Бояд бо шукргузорӣ аз имрўзи пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ҳузури корномаҳои мубораки созандагӣ ба қадри истиқлолияти миллӣ, ваҳдат ва сулҳ бирасанд. Ҳоло, ки дубора домани ҷаҳони муосирро таъсири ақидаҳои ифротгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи террористиву экстемистӣ печонидааст, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ ва тавассути хираду заковати хеш расидан ба қадри неъматҳое чун истиқлолияту ваҳдат, нақши пурфайзи таърихии анҷумани саодати миллат,  сабақ гирифтан аз таҷрибаҳои таърихии миллат, хоса барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллат дар партави корномаҳои ҷовидонаи Пешвои миллат дар ин арса масъулият, шараф ва қарзи инсонӣ,  намои оини ватандўстии ҳар як ҷавони бонангу номуси имрўз хоҳад буд. Иҷрои ин рисолати бузург дар навбати аввал собитгари он мегардад, ки ҷавонони имрўз барҳақ аз маҷмўи пайкорҳои Пешвои миллат пайравӣ мекунанд ва  ба ҳақиқат пайравони Пешвои миллат ҳам дар сухан ва ҳам дар амал ҳастанд. Иттифоқ афтодани таҷлили 25 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон бо Соли ҷавонон дар баробари саодати бузурги ҷавонон бори дигар баёнгари он аст, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар густураи барномаҳои дурнигаронаи хеш аз рўзҳои аввалини соҳибистиқлолии кишвар, хоса аз айёми баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон то имрўз ба таъбири Пешвои миллат ҳар тадбир ва иқдоми муҳиме, ки дар мамлакат мавриди амал қарор дода мешавад, пеш аз ҳама ба манфиат ва барои дастгирии ҷавонон аст. Ҷавонони тоҷик ҳам маҷмўи ин корномаҳоро аллакай амиқан маърифат намудаанд ва мо бар ин боварем, ки ҳамагӣ барои расидан ба ҳадафҳои дурнигарона ва ормонҳои олии Пешвои миллат бо амри дилу виҷдон омадаанд, то фардо ҳам парчамбардори ин роҳи бузурги таърихӣ ва меросбарони ҳақиқии ниёкони шарафманд ва  пайравони асили Пешвои миллат бошанд.

Нуралӣ Нурзод
номзади илмҳои филологӣ,
докторанти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

ШУМО ДАР: АСОСӢ