Раҳнамои ҳаёти ҷавонони кишвар

( 0 Овоз )

Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи аҳамияти таърихиаш дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барои дурнамои тараққиёти кишвар то соли 2030, воқеан, рўйдоди муҳимтарини ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат муроҷиатан ба мардуми шарифи кишварамон ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи ҷавонон, кору фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо ҳамчун ояндасозони давлату миллат аҳамияти махсус зоҳир гардида, аз ҷумла таъкид шудааст, ки “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад”.

Хотирнишон бояд кард, ки Тоҷикистон давлати ҷавон асту ҳисоби миёнаи синну соли аҳолиаш 24 - сола мебошад ва 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30 - сола ташкил медиҳанд.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид шудааст, ки солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити ҷавобгў ба талабот ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ва бо ин мақсад мусоидат дар рушди соҳаи маориф аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар робита ба ин матлаб изҳор ёфт, ки тайи ин солҳо 2500 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ карда шуданд. Танҳо дар давоми соли 2016-ум 201 бинои таълимӣ бунёд ва навсозӣ карда шуда, 39 ҳазор ҷои нишасти толибони илму дониш муҳайё гардид. Агар то даврони соҳиб- истиқлолии Тоҷикистон дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 70 ҳазор нафар донишҷў фаъолият дошта бошад, алҳол миқдори онҳо ба 39 адад ва шумораи умумии донишҷўён то ба 170 ҳазор нафар афзудааст. Дар канори ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, то ки ҳамчун мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ба камол расида, барои хидмат ба халқу Ватани хеш, пешбурди соҳоти мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол баргарданд.

Паём Барномаи хирадомўз ва дурнигаронаи такмил ва ба талаботи замону ҷаҳони муосир мутобиқ намудани таълиму тарбияи ҷавонони ояндасози Тоҷикистон ва ҳамаҷониба дастгирию амалӣ намудани иқдомҳои созандаи онҳо маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин ҳадафҳои наҷиб Пешвои миллат вазифаро дар ин ҷода дақиқан муайян ва мушаххас намуда, дастуру супоришҳои зерини саривақтӣ ва ояндабинона доданд:

Якум, ба Вазорати маориф ва илми Ҷум- ҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки омўзиши ҳатмии Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд. Ёдовар бояд шуд, ки мутобиқи тағйиру иловаҳои санаи 22 майи соли равон ба моддаи 34 Конститутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон воридгардида “...фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъ- миноти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд”.

Дувум, таъкид гардид, ки “...баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад”.

Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки “...дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.

Сеюм, Пешвои миллат аз устодону омўзгорон талаб намуданд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои азбар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомўзии шогирдону фарзандон ҷалб намуда, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд.

Чаҳорум, таъкид гардид, ки масъулин бояд барои ташкил намудани маҳфили техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Таваҷҷўҳи Пешвои миллат ба ин масъала дар Паём бори дигар муфассири ин амри муҳим аст, ки воқеан зоҳир намудани аҳамият ба афзалияти ин масъала дар баробари кашфи истеъдодҳои нодир барои рушди пояҳои моддиву техникии иқтисодиёти миллӣ замина фароҳам хоҳад овард, зеро навовариву ихтироъкорӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати рушди саноат ва дар маҷмўъ иқтисодиёт аст. Ин дар ҳолест, ки яке аз ҳадафҳои аслии Тоҷикистон дарозои дурнамои рушди даҳсолаҳои оянда табдил додани кишвар аз ҷумҳурии аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад ва барои расидан ба ин мақсади наҷиб, пеш аз ҳама, кадрҳои навовару ихтироъкор заруранд.

Панҷум, дастур дода шуд, ки то соли 2019 дар мамлакат норасоии кадрҳои омўзгорӣ пурра бартараф карда шавад. Таъкид гардид, ки таъмини мактабҳои деҳот бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ 70 фоизро ташкил медиҳанд ва барои бартараф намудани норасоии омўзгорон аз фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Таъмини мукаммали макотиби таҳсилоти умумӣ бо омўзгорон, бешак, зербинои аслии рушди минбаъда ва расидан ба ҳадафҳои наҷиби тараққиёт дар марҳалаи нав ба шумор меравад, зеро танҳо тавассути тарбияи насли солиму босавод ва донишманд мо метавонем, ба камолоти кадрҳои ҷавобгў ба талаботи ҷаҳони муосир муваффақ гардем.

Шашум, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди хеш ба сўи бунёди кишвари саноативу кишоварзӣ қадам гузошта истодааст ва талабот ба кадрҳои касбҳои техникӣ ва технологӣ дар чунин шароит афзун мегардад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо мақсади дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмун ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар масъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонони ояндасози кишвар таҷассум ёфтаанд, вазифаи муҳим ва мақсади наҷиби ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар ба шумор мераванд, зеро ин матлаб воқеан барои фардои дурахшони кишвар ва таъмини зиндагонии шоистаи тамоми мардуми Тоҷикистон аз хурд то бузург равона шудааст. Пешвои миллат, аз ҷумла дар ин самт қайд намуданд, ки “...Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Аз ин таъкид бори дигар равшан мешавад, ки воқеан, ба таъбири худи Пешвои миллат, “ҳар тадбири муҳим ва наҷибе, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонони кишвар равона шудааст”.

Боварии комил дорем, ки ҳар шаҳрванди бонангу худогоҳи кишвар ин ҳадаф ва дастурҳои фардосозро сармашқ ва номаи ҳидояти хеш қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии ҳар яке аз онҳо, ки ҳамагӣ ба таъмини зиндагонии шоистаи мардуми кишвар равона гардидаанд, иқдом ва талош хоҳанд намуд.

Абдуҷалил Бобокалонов,
муовини аввали раиси Шўрои Ҳаракати
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи
Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Нуралӣ Нурзод,
мудири кафедраи адабиёти
классикии тоҷики Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

ШУМО ДАР: АСОСӢ