Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2016

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Давраи сипаришуда барои мардуми вилоят басо хотирмон буд, зеро меҳнаткашони вилоят баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик - ҷашни таърихии миллат – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ дода, дар фазои рўҳафзои идона ва бо дастовардҳои назаррас ин рўзи таърихиро истиқбол гирифтанд.

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ таъмин гардад.

Рафти иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия ва барномаҳои давлатӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 6 амр ва 22 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 93 қарор ва 13 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, таҳти корбарӣ ва назорати махсус қарор гирифтанд ва мувофиқи мўҳлатҳои муқарраршуда оид ба рафти иҷроиши ин санадҳо ахборот пешниҳод гардид.

Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 778 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Дар натиҷаи ташкили назорати иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур ахборот ба унвони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 101,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1368,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (1345,5 млн. сомонӣ) 25,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 157,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1207,9 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1246,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3,2 фоиз ё ин ки 38,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2015 ба маблағи 125,2 млн. сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 1194,2 млн.сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиш 1193,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад.

Талаботи нафақа дар ин давра 546,3 млн. сомониро ташкил дода, маблағгузорӣ ба шумораи умумии 208,0 ҳазор нафар нафақагирон сари вақт таъмин гардида истодааст.

Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми гардиши моли чакана дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ба 5768,9 млн. сомонӣ баробар шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба қадри 106,7 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ин давра 2804,2 млн. сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1669,6 млн. доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1268,1 млн. доллари ИМА ва содирот 401,5 млн. доллари ИМА баробар шуд.

Гарчанде ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли сипаришуда кам шуда бошад ҳам, дар структураи воридоту содирот тағйироти мусбӣ ба назар мерасанд. Аз таҳлили структураи содирот бармеояд, ки нахи пахта дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 32,2 млн. доллари ИМА ва ба миқдори 22975 тонна ба содирот бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 мутаносибан 4,88 млн. доллари ИМА ва 5613 тонна кам мебошад. Сабаби кам шудани ҳаҷми содироти нахи пахта ин, пеш аз ҳама, татбиқ гардидани лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти истеҳсолоти воридотивазкунанда мебошад, ки дар натиҷаи дуруст истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои иловагӣ коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ зина ба зина ба роҳ монда шуда истодааст.

Комёбии назаррас дар самти содирот ин ба фурўш баровардани семент ба бозорҳои беруна мебошад, ки давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба миқдори 85614 тонна ба маблағи 4,1 млн. доллари ИМА содирот карда шудааст.

Нишондиҳандаи мусбии содирот асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, маҳсулотҳои консервагӣ ва чарм таъмин гардидааст. Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 206,2 млн. доллари ИМА баробар шуда, 51,3 фоизи ҳаҷми умумии содиротро дар ин давра ташкил додааст.

Инчунин, дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ба маблағи 14,9 млн. доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 7,1 млн. доллари ИМА ба миқдори 37941 тонна хушкмева ва ба маблағи 5,1 млн. доллари ИМА ба миқдори 80527 тонна пиёз ба содирот бароварда шудааст.

Дар самти воридоти маҳсулоти ниёзи аввал низ дигаргунӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, воридоти орд, равғани растанӣ ва гўшти парранда нисбат ба соли гузашта мутаносибан 50118 тонна, 564 тонна ва 3831 тонна кам шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 82878 тонна орд, 31663 тонна равғани растанӣ ва 4420 тонна гўшти парранда ворид гардидааст. Ин ҳолат бозгўи дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудани истеҳсоли ивазкунандаи воридот дар ин самт мебошад.

Вазъи хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016-2020” ва ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам корбарӣ намуда истодааст.

Дар шароити муосир ҷалб намудани сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 230,7 млн. доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ва 28,2 млн. доллари ИМА сармояи дохилӣ ҷалб гардида, дар маҷмўъ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 123,8 фоизро ташкил дод.

Дар натиҷаи ҷалби сармояи дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқтидорҳои нав ба кор андохта шуда, барои 1061 нафар шаҳрванд ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид.

Бояд қайд намуд, ки давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба вилоят ба маблағи 110,5 млн. доллари ИМА сармояи мустақим ворид гардидааст.

Зиёдшавии воридоти сармояи мустақим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби ворид шудани сармояи мустақим ба КМ ҶДММ «Алфапэт» ба маблағи 650,0 ҳазор доллари ИМА, ҶДММ «Нуқрафом» ба маблағи 105,0 ҳазор доллари ИМА, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» 25,7 млн. доллари ИМА, ҶСП «Бонки Эсхата» 1,5 млн. доллари ИМА, ҶДММ «Суғд Пак» 1,9 млн. доллари ИМА ва ҶДММ «Ширкати саноати кўҳии Тоҷикистону Хитой» 80,4 млн. доллари ИМА таъмин гардид.

Дар қаламрави вилоят айни ҳол 19 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағҳои азхудшуда аз аввали татбиқи ин лоиҳаҳо 200,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ин рақам ба 48,7 млн. доллари ИМА баробар шуд.

Вобаста ба вазъи имрўзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба масъалаи беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5521,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмўъ дар 270,5 ҳазор гектар заминҳо кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади бештар рўёнидани ҳосили ғалладонагиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии он бо истифодаи тухмиҳои баландҳосил корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 125,2 ҳазор гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардид, ки аз он 36443 гектарро кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар майдони 44193 гектар пахта кишт карда шуд, ки 27,2 фоизи майдони заминҳои обиро дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ташкил намуд.

Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 14954 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1018 гектар зиёд мебошад.

Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 15512 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1007 гектар ё ин ки 6,9 фоиз зиёд гардид. Аз ин миқдор майдони кишти сабзавоти барвақтӣ 628 гектарро ташкил медиҳад.

Гузаронидани кишти такрорӣ дар майдони 14695 гектар ба нақша гирифта шуда, амалан дар майдони 14819 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки баробари 100,8 фоизи нақша мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли ғаллагиҳо 315,4 ҳазор тонна, сабзавот 433,2 ҳазор тонна, картошка 348,4 ҳазор тонна, мевагиҳо 108,1 ҳазор тонна, гўшт 36,0 ҳазор тонна, шир 218,5 ҳазор тонна, тухм 130,7 млн. дона ва асал 1264,1 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ғаллагиҳо 22,5 ҳазор тонна, сабзавот 9,3 ҳазор тонна, картошка 17,6 ҳазор тонна, мевагиҳо 63,3 ҳазор тонна, гўшт 2,5 ҳазор тонна, шир 6,4 ҳазор тонна, тухм 8,4 млн. дона ва асал 17,0 тонна зиёд мебошад.

Маъракаи пахтачинӣ идома дошта, пахтакорони вилоят то санаи 1 декабри соли ҷорӣ ба миқдори 87081 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10678 тонна зиёд мебошад.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар вилоят бунёд намудани 5402 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла 4742 гектар боғҳои зардолу ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2016 бунёди 1089 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шуда, то ин давра 1410 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки 129,5 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ин миқдор майдони боғоти нав 1269,8 гектар ва токзори нав 140,2 гектарро ташкил медиҳад.

Дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, №1775 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ” дар вилоят ислоҳоти соҳа идома дода шуд.

Азнавташкилдиҳӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт ва Мастчоҳ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 дар миқёси вилоят 1247 хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуданд.

Ҳамагӣ то ин давра дар вилоят зиёда аз 63 ҳазор хоҷагии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Дар соли 2016 аз ҳисоби буҷети вилоят барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасон ба мавсими киштукор ба ноҳияҳои Мастчоҳ 4000,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1350,0 ҳазор сомонӣ, Ашт 150,0 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент 400,0 ҳазор сомонӣ ва МД “Канали Хоҷабоқирғон” 50,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 5950,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 2713 гектар заминҳо 2381,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, то ин давра ҳолати мелиоративии 3640 гектар заминҳо беҳтар карда шуд, ки баробари 134,0 фоизи нақшаи солона мебошад. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 807 гектар заминҳо ба маблағи 447,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои хизмати обрасонӣ, 2203 гектар ба маблағи 1079,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, 130 гектар ба маблағи 57,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хоҷагиҳо ва 500 гектар ба маблағи 977,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят, ҷамъ 2561,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки баробари 107,6 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.

Барои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ВК-3, “Дилварзин-2” ва “Дилварзин-3”-и ноҳияи Мастчоҳ 4,3 млн. сомонӣ маблағ равона гардида, таъминоти оби полезии зиёда аз 3,0 ҳазор гектар заминҳо беҳтар карда шуд.

Ба пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як адад муҳаррики барқӣ дастрас карда шуд, ки ба обёрикунии минтақаи Сомғор мусоидат намуд.

Ҳамзамон, барои беҳтаргардонии таъминоти об дар минтақаи Сексарии шаҳри Истаравшан пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ-1,2,3,4 бо дастгоҳҳои обкашии нав таҷҳизонида шуда, пойгоҳҳои обкашии Меҳнат-1,2,3 аз таъмир бароварда шуд ва дар натиҷа масъалаи танқисии оби полезии ин мавзеъ ҳалли худро ёфт.

Дар минтақаи “Пойменная”-и шаҳри Конибодом дар натиҷаи тоза кардани 7,2 км коллекторҳои байнихоҷагӣ ва 24,1 км коллекторҳои дохилихоҷагӣ ҳолати обёрикунӣ беҳтар гардида, зиёда аз 500 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов (боир) оиди ҷудо ва вобаста кардани онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қудрати аз худ кардани онҳоро доранд, корбарӣ идома дорад.

Вазъи соҳаҳои саноат ва энергетика

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади тавсеаи нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти вилоят - соҳаи саноат, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷа солҳои охир бо таъсиси як қатор корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ рушди бемайлони соҳаи саноат таъмин карда шуда, ҳамзамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат - таъсиси ҷойҳои нави корӣ татбиқ гардида истодааст, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 139,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 625 корхонаи саноатӣ 325 корхона ё ки 52,0 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба ҳаҷми давраи соли гузашта таъмин намуданд. Мутаассифона, 192 корхона ё ки 30,7 фоиз нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 108 корхона ё ки 17,3 фоиз тамоман фаъолият накарданд.

Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурўши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда, набудани фармоишгар, мавсимӣ будани фаъолият ва иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ мебошанд.

Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 барзиёд таъмин карда шуд. Истеҳсоли калобаи пахтагин 4328,6 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1250,4 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба 276029 адад расонида шудааст, ки нисбати соли гузашта 2,2 баробар зиёд мебошад.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда чораҳои муассир андешида ва натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, истеҳсоли равғани растанӣ дар ин давра ба 3239,1 тонна расонида шуда, суръати афзоиш ба 107,9 фоиз баробар шуд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ба миқдори 93579,5 тонна орд истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 29822,4 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 146,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи дода шудани имтиёзҳои андозӣ ба истеҳсолкунандагони орд ва маҳсулоти ордӣ истеҳсоли орд нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд гардид, ки аз саривақтӣ будани ин имтиёзҳо дарак медиҳад.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 3638,8 ҳазор қуттии шартӣ зиёд шуда, 18021,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш 125,3 фоиз таъмин гардид.

Дар соли 2016 ба истифода додани 98 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3,9 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 дар миқёси вилоят 92 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2500 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 31 корхонаҳо тибқи нақшаи амал ва 61 корхонаҳо ғайринақшавӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Аз ҷумла, ҶДММ “Хуаксин Fаюр Суғдсемент” дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 196,7 миллион сомонӣ, ҶСП “Норд Азия металл” 61,3 миллион сомонӣ, ҶДММ “Спитамен Ойл” 6,1 миллион сомонӣ, ҶДММ “Меваи Канд” дар шаҳри Конибодом 2,4 миллион сомонӣ, ҶДММ “Азия Ойл” 1,9 миллион сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол намуданд.

Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ дар 11 моҳи соли 2016 аз ҷониби муштариён ба маблағи 403,8 миллион сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, аз он 370,7 миллион сомониаш пардохт шудааст, ки 91,8 фоизро дар бар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, ба маблағи 127,0 миллион сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, 124,9 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 98,3 фоизро ташкил дод.

Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 1164,5 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 2,9 баробар зиёд мебошад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1613,9 млн. сомонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 суръати афзоиш 110,8 фоизро ташкил дод. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1050,5 млн. сомонӣ иҷро гардид. Илова бар ин, ба маблағи 591,9 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ ба иҷро расонида шуд, ки баробари 116,0 фоизи ҳамин давраи соли 2015 мебошад.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 376,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 112,4 фоиз таъмин карда шуд. Аз ҷумла, 1260 ҷойи талаба дар мактабҳо, 460 ҷой барои кўдакон дар муассисаҳои томактабӣ, 45 кат дар беморхонаҳо ва иқтидор барои қабули 20 бемор дар як баст дар дармонгоҳҳо таъсис дода шуд.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ба пешвози ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ва бо ҷалби сармояҳои дохилӣ якчанд иншоотҳои ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ сохтмони мактаб барои 240 хонанда дар маҳаллаи Андарвашти Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва оғози сохтмони шаҳраки замонавии Меҳробод дар ноҳияи Мастчоҳ, сохтмони мактаб барои 240 хонанда дар маҳаллаи Сарбанди Ҷамоати деҳоти Тўлдативи ноҳияи Спитамен, сохтмони мактаб барои 360 хонанда бо толори варзишӣ ва ошхона дар назди мактаби №13, деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, сохтмони бинои маъмурии воҳиди №20-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон, азнавбарқароркунии «Боғи фарҳангӣ - фароғатӣ» ва «Хиёбони марказӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ» дар ноҳияи Мастчоҳ, сохтмони «Қасри фарҳанг» ва «Чойхонаи миллӣ» дар ноҳияи Ашт, сохтмони «Маҷмааи хизматрасонӣ», «Хонаҳои истиқоматӣ» ва бинои прокуратура дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд.

Ҷашни таърихии миллат – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми меҳнаткаши вилоят бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтанд.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми вилоят мебошад.

Дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат ба фаъолияти як зумра иншоотҳои ҷашнӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои 16 оилаи хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаи истиқоматии 2-ошёна ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин хатти оби нўшокӣ ва полезӣ дар масофаи 10,5 км мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Зафаробод бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20, маркази хизматрасонӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

Ҳамзамон, дар ноҳияи Спитамен бинои идораи Кумитаи заминсозӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мавриди истифода қарор дода шуда, мактаби навбунёд барои хонандагони болаёқат дарҳои худро барои толибилмон боз намуд.

Дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нав бо тарҳи ҳозиразамон ва барои баҳрабардории фарҳангчиён пешниҳод гардидани он, инчунин ба истифода дода шудани бинои истиқоматии 9-ошёна дар шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷўҳи хоси давлату ҳукумат ба рушди соҳаи фарҳангу маънавиёт ва беҳтар гардонидани шароити зисти аҳли зиё дарак медиҳад.

Дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд қомат афрохтани иншооти бузурги ҷашнӣ – Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” армуғони нотакрори шаҳрвандони вилоят ба истиқболи ҷашни таърихии миллат - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ дар назди ин иншооти бузург бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд дода шуд.

Вазъи соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия

Дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия таъмин гардад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 тавассути маҷмўи нақлиёт 20,0 млн. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва145,6 млн. нафар мусофирон кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 мутаносибан ба 101,9 фоиз ва 104,7 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра, тибқи харҷномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 9931,2 ҳазор сомонӣ тариқи барномаи SGӣ ҷудо карда шудааст.

Инчунин, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои истеҳсолӣ ба маблағи 1196,7 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷудо гардидааст. Маблағ ва маводҳои истеҳсолии ҷудогардида асосан барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва пардохти музди меҳнати кормандон сарф карда шудааст.

Аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо 1329,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ 241,1 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент 8,3 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ашт 20,9 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Деваштич 49,1 ҳазор сомонӣ, шаҳри Исфара 54,0 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Мастчоҳ 31,3 ҳазор сомонӣ, шаҳри Истаравшан 85,8 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Спитамен 7,0 ҳазор сомонӣ ва Бобоҷон Ғафуров 832,4 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард аз тарафи Идораи сохтмони асосии вилоят давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 8,4 км, Зафаробод 7,5 км, Бўстон 2,6 км, Гулистон 3 км, Ҷаббор Расулов 4 км, Кўҳистони Мастчоҳ 1,8 км ва Хуҷанд 5,8 км роҳҳо асфалтпўш карда шуданд.

Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 2176,9 км роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд, ки аз он 76,4 км таъмири асосӣ,1119,8 км таъмири ҷорӣ ва 980,7 км роҳҳо шағалпўш карда шуданд.

Вазъи соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, ба рушди он эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Бо супориши Сарвари давлат ба андозаи 20,0 фоиз баланд шудани музди маоши кормандони соҳа бозгўи ин гуфтаҳо мебошад.

Барои маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2016 ҳамагӣ 665,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда ба маблағи 69,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани Нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, Барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омўзгорони ҷавон” туфайли дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба 32 нафар омўзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, 55 нафар омўзгор аз қарзҳои имтиёзноки бонкӣ бархурдор шуданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои пайвастаи омўзгорон дар тарбияи насли наврас ва баҳри ҳавасмандгардонии устодону толибилмоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, қарори Раиси вилоят аз 18 апрели соли 2016, № 176 “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии омўзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят” ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор ба ғолибон ба маблағи аз 3,0 то 25,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар машварати августии омўзгорон аз тарафи Раиси вилоят ба ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Бухарести Руминия дастпарварони Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Мирзоалиев Шаҳром, Сафаров Исмоилҷон ва Муродов Баҳром, ки сазовори ҷойи дуюм гардидаанд, мукофотпулӣ ба маблағи 15,0 ҳазор сомонӣ барои ҳар кадоме супорида шуд.

Инчунин, ба ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дастпарварони Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Сино Қувватов ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ, Иномзода Шаҳром, Ғаниев ҳасанҷон ҳар кадоме ба маблағи 5,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба устодони ғолибони озмунҳо Рўзибоев Тоҳир ба маблағи 15,0 ҳазор сомонӣ ва Мамадҷонов Хуршед ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Директорони муассисаҳои таълимие, ки бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва тариқи ҳашар бинои нави мактаб ё синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд, бо мукофотпулии яквақта ба маблағи аз 3,0 то 10,0 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар асоси Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиадаи вилоятии хонандагони синфҳои 11 аз 13 фанни таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он 825 нафар хонандагони лаёқатманд, аз ҷумла аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ 376 нафар ва аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 449 нафар аз муассисаҳои таълимии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентии шаҳри Бўстон ширкат варзиданд.

Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, аз ҷумла ба 20 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 35 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 718 компютери муосир таъмин карда шуданд. Иҷроиши Барномаи компютеркунонӣ 117,0 фоизро ташкил намуда, ба 13 нафар хонандагони синфҳои 7 - 11 як компютер рост меояд.

Алҳол дар 1051 синфхонаи компютерӣ 15559 компютер, 2349 принтер мавҷуд буда, аз шумораи умумии синфхонаҳои компютерӣ 430-тоаш бо барқи доимӣ, 579-тоаш бо генератори дизелӣ ва 25-тоаш бо батареяҳои офтобӣ таъмин мебошанд.

Бо мақсади омўзонидани касбу ҳунарҳои миллӣ имрўз дар назди муассисаҳои таълимӣ 859 танўр ва 1033 оташдон шинонида шудаанд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 228 маҳфили сўзанидўзӣ, 285 маҳфили қолинбофӣ, 52 маҳфили адрасу атласбофӣ ва 655 маҳфили рўзгордорӣ ташкил карда шудаанд. Айни ҳол барои ташкили маҳфили қолинбофӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 969 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 77 адад дўкони адрасу атласбофӣ харидорӣ шудааст.

Дар ҳудуди вилояти Суғд 13 мактаб – интернат барои кўдакони ятим, бепарастормонда, имконияташон маҳдуд, интернатҳои наздимактабӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои номбурда 1304 нафар тарбиятгирандагон, ки аз онҳо 41 нафар ятими кулл, 178 нафар бепадар, 49 нафар бемодар, 773 нафар кўдакони маъюб ва нуқсондор ва 854 нафар аз оилаҳои камбизоат, 128 нафар аз оилаҳои доро ва 54 нафар тарбиятгирандагоне, ки дар масофаи дур аз мактаб зиндагонӣ мекунанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои томактабии вилоят 40777 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2086 нафар зиёд мебошанд. Шумораи кўдакистонҳо нисбат ба соли сипаришуда 12 адад зиёд шуда, ба 249 адад расидааст, ки аз он 196 муассиса тобеи шўъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассиса тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 40 муассиса хусусӣ мебошанд.

Дар таъмини рушди соҳа саҳми бахши хусусӣ сол аз сол афзуда истодааст. Танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – 3, Истаравшан – 2, Бўстон – 1, Ҷаббор Расулов – 1, Бобоҷон Ғафуров – 3 ва Спитамен – 2 кўдакистони хусусӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Илова бар ин, дар назди муассисаҳои таълимӣ 624 гурўҳи Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 13679 кўдак фаъолият мебаранд.

Дар замони муосир бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон ва мавҷуд будани таҳдидҳои беруна ба таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ бештар таваҷҷўҳ зоҳир мегардад. Дар ин раванд саҳми соҳаи фарҳанг хеле назаррас арзёбӣ мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ таҷлили санаҳои таърихӣ, аз қабили Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи модар, Иди байналмилалии Наврўз, Иди Ғалаба, Рўзи ҷавонон, Рўзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд доир карда шуда, ба густариши ҳисси ватанпарастии мардуми вилоят замина гузошт.

Дар сатҳи баланди фарҳангиву миллӣ баргузор гардидани истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси сарфарозӣ ва мояи ифтихори мардуми вилоят мебошад.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани рўзи 16 ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Хеле хурсандибахш аст, ки ин санаи таърихӣ ҳамчун санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамзамон, яке аз рўйдодҳои таърихӣ, ки ба давлатдории навини тоҷикон замина гузоштааст, ин барафрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, санаи 24 ноябр бо иштироки фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷавонону наврасон баҳри арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ, муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил карда шуда, барномаҳои фарҳангию сиёсӣ баргузор гардиданд.

Дар самти омодагиҳо ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар соли 2017 корбарӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ қарорҳои дахлдор қабул гардидааст. Дар ин раванд бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №383 “Дар бораи таҷлили ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ”, қарори дахлдори Раиси вилоят аз 19 октябри соли 2016, №449 “Дар бораи таҷлили ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ” ба имзо расида, корҳои омодагӣ аз тарафи масъулон оғоз гардидаанд.

Вазъи соҳаҳои тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷўҳ зоҳир карда шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар қаламрави вилоят 957 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 162 муассисаи сохтори госпиталӣ, 691 муассисаи сохтори КАТС ва 104 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият мебаранд.

Ба аҳолии вилоят 4781 нафар табиб ва 15114 нафар корманди миёнаи тиб хизмат мерасонанд.

Тибқи нақшаи Барномаи «Соли 2016-Соли фарди солим» дар муассисаҳои тандурустӣ сохта, ба истифода додани 23 иншооти тандурустӣ ба маблағи 5,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар амал давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва ба тариқи ҳашар дар 45 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи 12,8 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудааст, ки аз нақшаи дар Барнома пешбинигардида 2,4 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра сохтмони бинои нави Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияи Мастчоҳ, бинои нави Марказҳои саломатӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич, сохтмони бинои нави Маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Шаҳристон, шўъбаи ҷарроҳии Беморхонаи минтақавии Ворухи шаҳри Исфара, бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ба итмом расида, сохтмони бинои нави шўъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилоят, шўъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, бинои нави Маркази саломатӣ дар шаҳри Истаравшан ва биноҳои нави бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Шаҳристон идома дорад.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи Барномаи «Соли 2016-Соли фарди солим» таъмири 57 иншооти тандурустӣ ба маблағи 21,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ёздаҳ моҳи соли 2016 амалан дар 182 иншоот ба маблағи зиёда аз 20,4 млн. сомонӣ корҳои таъмирӣ иҷро карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ таъмири Маркази саломатии ноҳияи Деваштич, шўъбаи бемориҳои дили Беморхонаи марказии ноҳия ва боми беморхонаи минтақавии Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Марказҳои саломатии Ҷамоатҳои Ҳ.Алиев, Гулистон ва Ҳаёти Нави ноҳияи Зафаробод, шўъбаҳои амрози даруна ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истиқлол, шўъбаи амрози дарунии Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон, шўъбаи эҳёи Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент, шўъбаҳои Беморхонаи сироятӣ ва боми таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, шўъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, корҳои ободонӣ дар беморхонаҳои марказӣ, марказҳои саломатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом, шўъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар шаҳри Хуҷанд ва Стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд ба имтом расонида шуд.

Ҳамзамон, таъмири шўъбаҳои Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, барқарор кардани шабакаи гармидиҳии Маркази микроҷарроҳии чашм, Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона ва таваллудхонаи вилоятӣ, таҳлилгоҳи Маркази вилоятии экспертизаи судии тиббӣ, шўъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ободонии Маркази саратоншиносии вилоят, Маркази саломатии шаҳраки Консой, шўъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, Маркази микроҷарроҳии чашм, шўъбаҳои Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳри Бўстон идома дорад.

Муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолияти худро дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» амалӣ намуда истодаанд.

Айни ҳол дар миқёси вилоят 192 муассисаи хусусии тиббӣ ва 23 филиали муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият бурда истодаанд.

Рушди тибби хусусӣ барои рақобати солим байни муассисаҳои табобатӣ имконият фароҳам оварда, барои таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва ворид гардидани технологияи нави муосири тиббӣ мусоидат менамояд, ки ба сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа ва татбиқи Барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ба омўзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, ба санаи 1 ноябри соли 2016 шумораи занон дар вилоят 1267,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин 49,8 фоизи шумораи умумии аҳолии вилоятро дар бар мегирад. Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи сатҳҳои гуногун 5337 нафар зан фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, 16 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 536 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд.

Саҳми занон дар пешбурди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг хеле назаррас буда, шумораи занҳои соҳибкасбу пешсаф сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳти таваҷҷўҳи доимии давлату ҳукумат қарор дошта, хизматҳои шоёни занҳои фаъол пайваста қадрдонӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, аз ҳисоби занҳои вилоят ба гирифтани унвонҳои Аълочии маориф 662 нафар, Аълочии тандурустӣ 73 нафар ва Аълочии фарҳанг 94 нафар шарафёб гаштаанд.

Дар ин давра силсилаи чорабиниҳои маърифатию ҳуқуқӣ ва фарҳангию тиббӣ байни занону духтарон ба роҳ монда шуданд.

Таҷлили Рўзи модар, Рўзи байналмилалии оила, озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ» ва дигар озмунҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону духтарон мусоидат менамояд.

Барои ҷалби бештари занону духтарон ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ пайваста чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд. Аз ҷумла, санаҳои 3-5 августи соли ҷорӣ дар МД “Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ” озмун-мусобиқаи вилоятии “Адрасбофи беҳтарин” бо иштироки 40 бонуи ҳунарманди адрасбоф аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Аз рўи натиҷаҳои ҷамъбасти озмун 10 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотҳои пулӣ гардиданд. Илова бар ин, ҳамаи иштирокчиёни озмун давоми 3 рўзи баргузории озмун дар "Истироҳатгоҳи 20-солагии Истиқлолият” истироҳат намуданд.

Инчунин, бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, аз байни 61 лоиҳаи барои гирифтани гранти Раиси вилоят пешниҳодгардида ба 30 нафар зани ҳунарманд, ки лоиҳаҳои беҳтаринро пешниҳод намуданд, маблағҳои грантӣ супорида шуданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми октябр дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2016» баргузор гардид, ки дар он либосҳои тарроҳон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо номинатсияҳои қадима, идона, рўзмарра, расмӣ ва кўдакона танҳо аз матои атласу адраси тоҷик намоиш дода шуд. Ба 16 нафар ғолиби Фестивал Диплом ва мукофотпулиҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Вазъи соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 баҳри рушду нумўи соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои зиёд андешида шуданд.

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» бахшида ба 23-солагии Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқа сарбозон ва афсарони ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии вилояти Суғд аз тамоми шаҳру ноҳияҳо аз рўи 10 намуди варзиш қувваозмоӣ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар мавзўи «Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он, хушунат дар оила, пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон» бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонон ва сокинон дар толори Ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан мулоқоти судманд баргузор гардид.

Бо ташаббуси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 майи соли 2016, №214 дар бораи баргузории роҳпаймоии ҷавонони вилоят бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар» зиёда аз 12000 аъзои Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, аз се самт роҳпаймоӣ намуда, дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирдиҳам омаданд.

Тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2016-ум 42 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ аз рўи намудҳои гуногун, чорабиниҳои варзишӣ дар доираи ҷашнҳои саиду таърихӣ гузаронида шуданд. Аз ин миқдор дар самти варзиши касбӣ 37 маротиба ва дар самти варзиши оммавӣ 5 маротиба чорабинии варзишӣ гузаронида шуданд. Дар мусобиқаҳои касбӣ 6367 нафар ҷавону наврас, аз ҷумла 737 нафар бону иштирок намуданд. Мусобиқаҳои оммавӣ бо ҷалби 147320 нафар ҷавону наврас ва шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор гардиданд, ки аз ин шумора 47343 нафарро занону духтар ташкил медиҳанд.

Инчунин, 2929 нафар аъзои дастаҳои яккачини вилоят, аз ҷумла 390 нафар бону аз рўи намудҳои гуногуни варзиш дар 75 мусобиқаи сатҳашон гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 444 медали тилло, 459 медали нуқра ва 518 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳайати 212-нафараи варзишгари вилоят, аз ҷумла 21 нафар бону дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 42 мусобиқаи сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Яккачини варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон барои гирифтани 24 медали тилло, 41 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, № 738 «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 - 2017» ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар вилоят қарори Раиси вилоят аз 31 декабри соли 2014, № 512 «Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 - 2017» дар вилояти Суғд ба тасвиб расида, баҳри татбиқи самараноки он дар вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Дар ин раванд, бо мақсади таъмини рушди соҳаи туризм 75 чорабинии гуногун, аз қабили мизҳои мудаввар ва озмуни мақолаи беҳтарин оид ба ҷалби сайёҳон баргузор карда шуданд.

Бобати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида сомонаи туристии вилояти Суғд welcomesugd.tj омода шуд, ки дар он тамоми маълумот оид ба туризми вилоят бо 4 забон (русӣ, англисӣ, немисӣ ва арабӣ) ворид шуда истодаанд.

Вазъи соҳаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.

Нишондиҳандаи асосии муайян намудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ин даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат мебошад. Музди миёнаи маош ба санаи 1 ноябри соли 2016 мувофиқи вилоят 759,8 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,55 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 1705,0 сомонӣ, Панҷакент 1081,81 сомонӣ, Хуҷанд 1081,49 сомонӣ, Айнӣ 911,25 сомонӣ, Бўстон 813,14 сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 793,16 сомонӣ ва Исфара 750,13 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилоят, новобаста аз паст будани музди миёнаи маош, сатҳи зиндагии мардум сол аз сол баланд шуда истодааст, ки аз саривақтӣ будани ислоҳотҳои гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад. Аҳолии деҳот аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳм дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва парвариши чорво даромади иловагӣ ба даст оварда, бо маводи озуқавории истеҳсоли худӣ таъмин мешаванд, ки ин омили асосии беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми деҳот мебошад.

Амалӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нав ва таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ба коҳиш ёфтани сафи муҳоҷирон ба хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо ҷои корӣ мусоидат намуд.

Мутобиқи ҳисобот дар ёздаҳ моҳи соли 2016 сафи муҳоҷирон 130807 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 111646 нафар мард ва 19161 нафар зан мебошанд. Шумораи муҳоҷирон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 18320 нафар кам шудааст.

Дар соли 2016 мувофиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 10151 нафар шаҳрванди корҷўй ва бекор пешбинӣ гардида, дар амал дар ёздаҳ моҳи соли равон 10133 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки 99,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 248 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2840 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 27327 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1331 нафар корҷў ва бекорон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гашта, 1593 нафар ба касбомўзонӣ ва 444 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.

Теъдоди шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 3371 нафарро ташкил дод.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди эҳёи ҳунарҳои миллӣ бо ташкил намудани марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва сўзанидўзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Эҳё гардидани меҳнати хонагӣ ва ҳунарҳои дастии қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ байни занону бонувон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд.

Айни ҳол 159 маркази таълимию истеҳсолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ташкил шуда, дар онҳо 490 дастгоҳи адрасу атласбофӣ насб гардиданд.

Теъдоди ҳунармандони адрасу атласбоф дар ин марказҳо 240 нафар ва шогирдони ба онҳо вобастагардида 1149 нафарро ташкил медиҳад.

Аз оғози фаъолияти марказҳои адрасу атласбофӣ дар маҷмўъ 27,8 ҳазор метри тўлонӣ матои адрасу атлас истеҳсол карда шудааст, ки ин дастоварди назаррас мебошад.

Илова бар ин, дар вилоят 52 маркази қолинбофии дастӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 190 дастгоҳи қолинбофӣ насб карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки давоми ёздаҳ моҳи соли 2016-ум 22449 нафар шаҳрванд ба омўзиши касбу ҳунарҳо, аз ҷумла қолинбофӣ 554 нафар, сўзанидўзӣ 107 нафар, қуроқдўзӣ 78 нафар, гулдўзӣ 181 нафар ва зардўзӣ 37 нафар фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атласбофӣ ва қолинбофии дастӣ ва баҳри эҳё намудани дигар ҳунарҳои мардумӣ бо қарори Раиси вилоят аз 1 ноябри соли 2016, № 479 МД “Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” таъсис дода шуда, марказҳои ҳунаромўзӣ фаъолияти худро таҳти сарпарастии ин муассиса давом дода истодаанд.

Ҳамзамон, муассисаи мазкур таҳти сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри густариши ҳунарҳои мардумӣ бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамкориро ба роҳ монда истодааст.

Дар асоси нақша-чорабинии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14-15-уми ноябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 66 нафар намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 44 шаҳру ноҳия аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе семинар - машварати корӣ баргузор гардид.

Тибқи барномаи тасдиқгардида, иштирокчиёни семинар-машварати корӣ давоми ду рўз дар Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии “Озода”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Куруш” ва “Ориёно”-и ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, аз рафти фаъолияти Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ ва қолинбофии дастии “Шероз”, “Зулфия Баҳриддинова”, “Дугонаҳо”, “Лаби ҳавзча” ва “Сирдарё” шинос шуданд. Ҳамчунин, меҳмонон ба Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб” омада, бо фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.

Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафақахўрон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таъин ва таъминоти саривақтии нафақа ва кўмакпулиҳо мебошад.

Баҳри тақвияти кўмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кўмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ пардохт шуда истодааст. То ин давра ҳамагӣ 33570 оилаи камбизоат аз ин ҷубронпулӣ бархурдор шудаанд.

Ҳамзамон, ба оилаҳои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, кўмакпулӣ пардохт карда мешавад.

Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, шахсони дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнатнамуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқӣ – атомии Чернобил, қарорҳои Раиси вилоят аз 4 январи соли 2016, № 05, 06 ва 07 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ» ба имзо расиданд, ки тибқи онҳо ҳар моҳ ба ҳар яки онҳо кўмакпулӣ дар ҳаҷми 100 ва 80 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Ба муносибати ҷашни Ғалаба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардидаро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, кўмакпулии яквақта ба маблағи 2,0 ҳазор сомонӣ дастрас намуданд.

Тибқи қарори Раиси вилоят ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардида 1,0 ҳазор сомонӣ, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг 800 сомонӣ, ҳамагӣ ба 720 нафар ба маблағи 576,0 ҳазор сомонӣ кўмакпулии яквақта супурда шуд. Ҳамчунин, ба 176 нафар иштирокчию маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ 74,1 ҳазор сомонӣ ва ба 581 нафар заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҷанг 86,4 ҳазор сомонӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кўмакпулии яквақта дода шуд.

Вазъи соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар миқёси вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 5461 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 25 ҳодиса ё ин ки 0,5 фоиз кам аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 2 адад, Истиқлол 11 адад, Бобоҷон Ғафуров 35 адад, Айнӣ 30 адад, Деваштич 36 адад ва Зафаробод 155 адад ҷиноят нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта авбошӣ 30 адад ё 10,1 фоиз, ғоратгарӣ 8 адад ё 26,7 фоиз, ҷиноятҳои вазнин 133 адад ё 11,4 фоиз, ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содиршуда 1 адад, одамкушии барқасдона ва сўиқасд ба он 7 адад ё 17,5 фоиз, дар ҳолати мастӣ 14 адад ё 11,1 фоиз, роҳзанӣ 2 адад ё 40,0 фоиз, қаллобӣ 1 адад ва ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиршуда 59 адад ё 15,9 фоиз кам ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳолати воқеии пахши барномаҳои радио ва телевизион

Ҷиҳати инъикоси ҳаёти ҷомеа дар воситаҳои ахбори омма ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба фаъолияти рўзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ таваҷҷўҳ бештар гардид.

Тибқи дастури Сарвари давлат аз рўи нақша нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳия ва сарварони соҳаҳо ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои мусбат ва манфии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар матбуот инъикос карда шуданд.

Барои дастрасии саривақтии рўзномаҳо ба хонандагон ва беҳтар намудани мазмун ва мўҳтавои онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят 15 шабакаи телевезион (аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ), 14 шабакаи радио (1 радиои давлатӣ), 50 рўзнома (аз ҷумла 12 рўзномаи давлатӣ), 6 маҷалла (аз ҷумла 1 маҷаллаи давлатӣ) амал мекунанд.

Масъалаи таъмини пурраи фарогирии аҳолӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо барномаҳои телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дошта, он тибқи нақшаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала амалӣ гардида истодааст.

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Гулистон, Айнӣ, Зафаробод ва Мастчоҳ таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи радиоӣ ва телевизионӣ васлу насб карда шуд. Инчунин, бо мақсади таъмини фарогирии пахши барномаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар шаҳри Панҷакент давоми соли ҷорӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Барои барномаи ТВ «Ҷаҳоннамо» таҷҳизоти интиқоли мавҷи телевизионии TҶTҒ-20 КТВ насб карда шуда, бо воситаи мавҷфиристандаи TJЕ-Т2-600 пахши барномаҳои телевизиони вилоят ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят фарогирии барномаҳои телевизиони «Шабакаи аввал» - 99,83 фоиз, «Сафина»-93,27 фоиз, «Баҳористон»-86,49 фоиз, «Ҷаҳоннамо»-83,74 фоиз, «ТВ Суғд»-71,94 фоиз, барномаи радиои «1ҶТ»-85,75 фоиз, «2ҶТ»-44,45 фоиз, «3ҶТ»-66,87 фоиз, «Фарҳанг»-56,35 фоиз ва радиои Суғд -38,04 фоизро ташкил медиҳад.

Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда шуда, дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3135 адад муроҷиати хаттӣ ва 1891 адад муроҷиати шифоҳӣ, ҷамъ 5026 адад муроҷиат ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 254 адад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Раиси вилоят тавассути мақомоти болоӣ 1069 адад муроҷиати шаҳрвандон ворид шуданд. Аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1063 адад, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад муроҷиат ворид гардидааст.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва чоршанбе қабули шаҳрвандон гузаронида, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 1891 нафар шаҳрванд қабул карда шуданд.

Теъдоди муроҷиатҳои дастҷамъона дар давраи ҳисоботӣ кам гардида, шумораи онҳо ба 264 адад расидааст.

Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои баҳси замин, таъмин шудан бо манзили зист, расонидани кўмаки молиявӣ, тандурустӣ ва маориф вобаста буда, аз тарафи роҳбарияти вилоят барои ҳалли проблемаҳои шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳо истифода бурда мешаванд.

Рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ

Баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" мунтазам корҳои ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расонида шуда истодаанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 31189 тўю маърака, аз ҷумла 7992 хатнасур, 15641 тўйи домодию арўсӣ, 4465 маросими чил ва 3091 маъракаи сол баргузор гардид.

Дар арафа ва рўзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 915 нафар писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 151 маърака, инчунин тўйи домодию арўсии 18 ҷуфт навхонадор дар 14 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.

Маҳз, аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тамоми тадбирҳоро меандешад.

Раиси вилоят
Абдураҳмон Қодирӣ

ШУМО ДАР: АСОСӢ