Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор мешавад

( 3 Овоз )

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳти №123 аз 16.03.2017 рўзҳои 18-19 майи соли ҷорӣ ба муносибати «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ»-ро баргузор менамояд.

Озмун дар ду бахш доир мешавад:

Бахши аввал: Донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола)

  1. 1. Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Талабот ва шартҳо:

- таҳияи фарҳанги мухтасари мавзўӣ аз осору гуфтори Пешвои миллат;

- ҳифзи ном ва мундариҷаи асарҳои Пешвои миллат;

- навиштани ду мақола доир ба осор ва гуфторҳои Пешвои миллат (камаш панҷ саҳифаи А-4, андозаи ҳарф –

14, фосила - 1,5);

- мавод ба шакли чопӣ бо риояи меъёрҳои таълифоти илмӣ пешниҳод гардад.

Ҷои аввал: 3 000 сомонӣ

Ҷои дувум: 2 000 сомонӣ

Ҷои савум: 1 000 сомонӣ

  1. 2. Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик.

Талабот ва шартҳо:

- довталаб бояд камаш чиҳил асарро муаррифӣ намояд;

- метавонад асари муаррифишаванда ба ғайри забони тоҷикӣ навишта шуда бошад;

- асар ҷое нашр ва муаррифӣ нашуда бошад (муаррифии каталогҳо ва маълумоти онҳо истисно мебошанд);

- гузориш ва маълумот дақиқ ва мустанад бошанд.

Ҷои аввал: 2 500 сомонӣ

Ҷои дувум: 2 000 сомонӣ

Ҷои савум: 1 000 сомонӣ

  1. 3. Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ.

Талабот ба шартҳо:

- довталаб мувофиқи завқи худ ашъорро интихоб менамояд ва шакли чопии онҳоро пешниҳод мекунад;

- танҳо он ҷавонон ҳуқуқи ширкат пайдо менамоянд, ки бештар аз сад ғазал аз ёд карда бошанд;

- доварон довталабро дар назди ҳозирон аз рўи маводи чопии пешниҳод кардаи ў месанҷанд;

- ҳарифон низ метавонанд аз рўи маводи чопии пешниҳодшуда дар пурсиши ҳамтои худ ширкат намоянд.

Ҷои аввал: 2 500 сомонӣ

Ҷои дувум: 2 000 сомонӣ

Ҷои савум: 1 000 сомонӣ

  1. 4. Ҷавонони соҳибтаълиф.

Талабот ба шартҳо:

- пешниҳоди китоб, рисола, матн ва мақолаҳои таҳияву таълифнамуда;

- танҳо маводи чопшуда дар соли 2016 ва оғози соли 2017 ба эътибор гирифта мешавад;

- маводи илмии чопшуда дар нашрияҳои хориҷӣ имтиёзи бештар дорад;

- он маводи пешниҳодшаванда пазируфта мешавад, ки ба нашр расида бошад;

- маводи чопшуда бо ҳаммуаллифӣ ва мақолаҳои оммавӣ дар рўзномаҳо имтиёзи камтар дорад.

Ҷои аввал: 2 500 сомонӣ

Ҷои дувум: 2 000 сомонӣ

Ҷои савум: 1 000 сомонӣ

Бахши дувум: Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11)

  1. 1. Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ.

Талабот ба шартҳо:

- довталаб мувофиқи завқи худ ашъорро интихоб менамояд ва шакли чопии онҳоро пешниҳод месозад;

- хонандагоне ҳуқуқи ширкат доранд, ки бештар аз чиҳил ғазал ҳифз намуда бошанд;

- доварон довталабро дар назди ҳозирин аз рўи маводи чопии пешниҳоднамудаи ў месанҷанд;

- ҳарифон низ метавонанд аз рўи маводи чопии пешниҳодшуда дар пурсиши ҳамтои худ ширкат намоянд.

Ҷои аввал: 1000 сомонӣ

Ҷои дувум: 750 сомонӣ

Ҷои савум: 500 сомонӣ

  1. 2. Ҳифзи матнҳои адабӣ.

Талабот ба шартҳо:

- матнҳои ҳифзшуда ба шакли чопӣ пешниҳод гарданд;

- довталаб дар интихоби матнҳо озод аст ва метавонад мувофиқи завқи худ аз асарҳои суханварони мухталиф

ҳифз намояд;

- матнҳои ҳифзшуда бояд дақиқ бо зикри муаллифу сарчашма ба шакли чопӣ пешниҳод гарданд;

- довталаб бояд ҳадди ақал чиҳил саҳифа матни назмиву насриро ҳифз намуда бошад.


Ҷои аввал: 1000 сомонӣ

Ҷои дувум: 750 сомонӣ

Ҷои савум: 500 сомонӣ

  1. 3. Омўзиши асарҳои адабӣ.

Талабот ва шартҳо:

- довталаб бо пешниҳоди маводи хаттӣ, ки дар он мазмун ва муҳтавои камаш сӣ асари адабӣ ба қалам

омадааст, ҳуқуқи иштирок пайдо менамояд;

- доварон аз рўи маводи хаттӣ ва феҳристи асарҳои омўхтае, ки иштирокчӣ пешниҳод менамояд, саволу

ҷавоб менамоянд;

- маводи пешниҳодшаванда бояд мустақилона ба таври мушаххас бо зикри муҳимтарин нуктаҳо оид ба

мазмуну мундариҷаи асарҳои адабӣ навишта шаванд;

- мазмун ва муҳтавои ҳар як асар дар ҳаҷми камаш ду саҳифаи А-4 (андозаи ҳарфҳо - 14, фосила - 1,5)

навишта шавад (дастнавис низ қобили қабул аст).

Ҷои аввал: 1500 сомонӣ

Ҷои дувум: 1000 сомонӣ

Ҷои савум: 750 сомонӣ

Эзоҳот:

а) Барои иштирокчиёни ҳамаи бахшҳо ҳифзи номи асарҳои Пешвои миллат ҳатмист;

б) як нафар метавонад танҳо дар як навъи озмун ширкат намояд;

в) 29 апрели соли равон муҳлати охирини пешниҳоди маводҳои хаттист;

г) аз ҳар навъи озмун ду нафар фаъолон бо мукофоти рағбатноккунӣ қадршиносӣ мегарданд;

ғ) баҳогузорӣ ва саволу ҷавоб аз рўи маводи ба тариқи хаттӣ пешниҳодгардида сурат мегирад;

д) дар баҳогузорӣ меъёрҳои дақиқ омода гардида, тибқи он хурдтарин афзалият ва истеъдоди довталаб ба

ҳисоб гирифта мешавад;

е) маводи хаттӣ он вақт қобили қабул ҳисобида мешавад, ки довталаб дар назди доварон ва ҳозирин аз он

дифоъ карда тавонад.

Барои алоқа:

kamoli-khujandi@mail.ru; kamoli.khujandi.tj@gmail.com

(834 22) 6 12 27; (-992) 92 733 92 92; (-992) 92 794 41 09;

(-992) 92 785 45 47

Суроға: шаҳри Хуҷанд, кўчаи ак. Раҷабовҳо 59

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор мешавад