Фестивали вилоятии «Атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо» доир мешавад

Даҳаи якуми моҳи сентябри соли 2024 дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо» баргузор карда мешавад. 

Фестивали вилоятии «Атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо» бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда мешаванд.

Дар фестивал ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ ва дӯзандаю тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.