Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти грантҳои Раиси вилояти Суғд озмун эълон менамояд

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, №167 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» озмун эълон менамояд.

Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад.

Грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;

- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи пешниҳод намудани лоиҳа аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев №45 ва бо телефони (83422) 4-68-50, 4-65-37 дастрас намоянд.

Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ ва баргардонида намешавад. 

Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли 2024.