30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд.
Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
Дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ - феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.
Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии “Суғд - арена” дар шаҳри Хуҷанд
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”-ро бо майдони футбол ба истифода дода, ба бозиҳои варзишии гуруҳи ҷавонони вилояти Суғд шинос шуданд.
Ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ба истифода додани бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд
- Ифтитоҳи фосилавии маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо нашъунамои токзори ҳавозавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ
Саҳифаи 78 аз 80

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ
Маълумот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026
Мувофиқи маълумоти расмии омори давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 21188,0 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 108,0 дарсад таъмин ва ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 25,9 дарсадро ташкил додааст.
ИҶТИМОИЁТ
Дар Истаравшан бинои нави беморхонаи касалиҳои сил бунёд мегардад
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони бинои нави беморхонаи касалиҳои...


Кишоварзӣ
СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта...





